Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мақоми Пентагон: Украина дар рӯзи суҳбати Трампу Зеленский кумак хоста буд

Мақомоти Украина 25-уми июли имсол, дар рӯзе, ки суҳбати телефонии баҳсбарангези президенти Амрико Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский баргузор шуд, аз манъи пешниҳоди ёриҳои низомӣ ба Киев изҳори нигаронӣ кардаанд.


Муовини ёвари вазири дифои Амрико дар умури Русия ва Украина Лаура Купер рӯзи 20-уми ноябр ба қонунгузороне, ки масъалаи эҳтимоли импичмент ё изҳори нобоварӣ ба Трампро дар Конгресс баррасӣ мекунанд, гуфт, ҳамкорони ӯ аз сафорати Украина имейле гирифтанд, ки дар он дар бораи боздошта шудани кумакҳо хабар дода мешуд.


Купер дар суҳбат бо аъзои гуруҳи таҳқиқотии Маҷлиси Намояндагон, ки аз ҷониби демократҳо раҳбарӣ мешавад, гуфт, "кормандони сафорати Украина пурсидаанд, бо кумакҳои амниятии Украина чӣ шуд?"


Имейлҳо ахиран ба ӯ нишон дода шуданд ва баъди як суолу ҷавоби пушти дарҳои бастаи моҳи гузашта вай ин мукотибаҳоро ба аъзои маҷлис дод.


Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси Намояндагон  инчунин аз зердастони Купер худи ҳамон рӯз дар бораи ёриҳои амниятӣ суол кард. Вале ӯ гуфт, “бо боварӣ” гуфта наметавонад, ки мақомоти украинӣ дар Киев дар бораи масдуд шудани кумакҳо хабар доранд, ё не. Вай афзуд, “инро ҳамкоронаш ба ёд оварданд ва эҳтимол онҳо аз ин чиз хабар доштанд”.


Ҷумҳурихоҳон пойфишорӣ доранд, ки ҳеч тиҷорате дар заминаи ин ки ба ивази кумакҳои низомӣ Украина мебоист ба таҳқиқи муовини пешини президенти Амрико Ҷо Байден ва писари ӯ шурӯъ мекард, вуҷуд надошт.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus