Мы в Telegram
Добавить новость

«Арсенал-2» опустился на четвёртое место, «Орёл» вырвал ничью у «Коломны»

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.

Песков назвал важным элементом визита Путина в Узбекистан личное общение с Мирзиёевым

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Барои Тоҷикистон низ.

Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Барои Тоҷикистон низ.

Як пажӯҳишгари амрикоӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва “андеша кунад, ки ба кадом роҳ” меравад. Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер, дар сурати беэҳтиётӣ, метавонад захираҳои табии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад. 

Суҳбати мо бо Сэм Паркер, муаллифи назарияи “Дипломатияи қарзҳои чинӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Радиои Озодӣ: Муҳтарам ҷаноби Паркер, Шуморо бунёдгузори назария ё консепти "Дипломатияи қарзҳои чинӣ" мешуморанд ва идеяи асосии назария он аст, ки давлати Чин бо додани қарзҳои бузург ба кишварҳои ниёзманд, нуфузи худро бар онҳо чира мекунад. Яъне ин қарзҳо бо ҳадафҳои муайян дода мешаванд. Далелҳои ин ақида чист?

Сэм Паркер: "Бале, "дипломатияи қарз" мавзуест, ки ман таҳқиқ мекунам ва чунин маъно дорад, ки Чин ба кишварҳое триллионҳо доллар вом ваъда медиҳад, ки онро баргардонида наметавонанд ва ин қарзҳо даромад ва арзишҳои нав ба вуҷуд намеоранд. Ҳатмӣ нест, ки мақсад ба доми сармоягузориҳои бад афтондани ин кишварҳо бошад, мақсади Чин он аст, ки ин сармояҳоро баргардонад, даромади иқтисодӣ гирад, ки барои Чин хуб аст, аммо ҳамчунон бояд дар назар гирем, тарҳҳое ҳастанд, ки Чин роҳҳо ё неругоҳҳое месозад, ки ба андозаи кофӣ даромад намеоранд, то қарз пардохта шавад, он гоҳ Чин захираҳои тилоро мехоҳад ё ҳимояти он кишварҳоро дар масъалаҳои муайян дар Созмони Милал. Яъне маънии "дипломатияи қарз" ин аст, ки Чин сармоя медиҳад, вале онро пас гирифта наметавонад. Яъне, Чин ризо аст, ки қарз ё бо пул баргардонида шавад ё бо василаҳои дигар.

Радиои Озодӣ: Пас Шумо гуфтан мехоҳед, ки қарзҳои Чин "дом"-е ҳастанд, ки кишварҳо вақте ба он меафтанд, маҷбур мешаванд, манфиатҳои сиёсӣ, амниятӣ ва ҳатто ҳарбии Чинро эҳтиром кунанд?

Сэм Паркер: "Ман фикр намекунам, ки ин ҳадафи амдии Чин аст, то чунин кишварҳоро гирифтор кунад, аммо қатъи назар аз ҳадаф, натиҷаи кор айни ҳамин мешавад. Яъне, боз мегӯям, Чин амдан тарҳҳое намесозад, ки бо сармоягузории бад, кишварҳоро ба дом афтонад, аммо ғолибан ҳамин гуна натиҷа ҳосил мешавад, ки ин кишварҳо ба дом меафтанд ва дар иваз онҳо маҷбур мешаванд, аз мавзеъгирии Чин дар масъалаҳои Ҳонконг, Тайван ё бархӯрд бо уйғурҳо ҳимоят кунанд. Барои намуна, як шуморе аз кишварҳо фишори Чинро ба уйғурҳо маҳкум карданд, вале бархеи дигар онро дуруст шумурданд. Ё кишварҳое аз мавзеъгирии Чин, ки Ҳонконг ва Тайван бахше аз онанд, ҳимоят мекунанд. Ин ҳам як навъи гардондани вом аст. Ё роҳҳои дигари бозпардохти қарзҳои Чинро ҷустуҷӯ кунанд, барои намуна захираҳояшро дар ивази бунёди неругоҳ ба Чин бидиҳанд.

Радиои Озодӣ: Назарияи Шумо аз замони расонаӣ шуданаш ба мухолифатҳо низ дучор гашт ва аз ҷумла, коршиносоне мисли Ҳусейн Аскарӣ ва Ясон Росс гуфтанд, ин як воҳима аст ва далелҳояш интихобӣ буда, дар асл Чин ба кишварҳои камбизоат кӯмак мекунад ва дар ниҳоят барномаҳои он ба манфиати рушди иқтисодии ҷаҳон равона шудаанд. Шумо дар посух чӣ гуфта метавонед?

Сэм Паркер: "Посухи ман ин хоҳад буд, ки пас аз расонаӣ шудани назарияи ман дар моҳи майи соли 2018, Покистон, Мянмар, Малдив, Малайзия ва Кения аз тарҳҳои миллиарддоларии Чин даст кашиданд, бархе аз гуфтушунидҳо қатъ шуданд, зеро онҳо дарк карданд, ки ин қарзҳо барои бозгардондан хеле бузург ва сангинанд. Худи Чин низ инро дарк намуд ва дар форуми "Як камарбанд-як роҳ", ки моҳи апрели имсол баргузор шуд, раисҷумҳури Чин Си Ҷин Пин гуфт, тарҳҳо бояд аз ҷиҳати сармоягузорӣ иҷрошаванда бошанд, "сабзтар" бошанд ва нигарониҳои маҳаллиро ба назар гиранд. Яъне сифати қарзҳо бояд хубтар бошад ва онҳо ҳамчунон барои рушди иқтисоди кишвари қарзгиранда равона шаванд. Бояд коргарони маҳаллӣ дар онҳо бештар кор кунанд ва бозпардохти қарзҳо бояд осонтар бошад." 

Радиои Озодӣ: Намунаҳое дар ҷаҳон ҳаст, ки сояи сиёсии қарзҳои Чин ва сӯистифодаи Пекин аз ҳоли кишварҳои қарзгирандаро нишон диҳад?

Сэм Паркер: "Яке аз кишварҳое, ки метавонем дар бораи ин чиз гӯем, Шри-Ланка мебошад. Яке аз тарҳҳое, ки Чин маблағгузорӣ кардааст, ин фурудгоҳ мебошад. Фурудгоҳе, ки дар Шри-Ланка сохта шудааст ва афсӯс, касе онро истифода намебарад. Яъне, холӣ аст ва онро касе истифода намекунад. Ё бандари Ҳамбартота дар Шри-Ланка, ки Чин барои сохтани он миллиардҳо доллар қарз додааст. Аммо худи Шри-Ланка ба иллати он ки қарз ба таври махсус сохта шуда буд ва ҳам фасоду ришват ба он таъсир дошт, қарзро ба Чин бозгардонда натавонист. Билохира Чин ин бандарро барои 99 сол таҳти истифодаи худаш қарор дод. Ин ҳам ба хотири онки Шри-Ланка қарзашро баргардонда натавонист. Дар ин робита Амрико ва Ҳиндустон изҳори нигаронӣ кардаанд."

Радиои Озодӣ: Қарзу кӯмакҳои молии Чин ба Тоҷикистон низ сол то сол боло меравад ва ба 2 миллиард наздик мешавад, вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин қарзҳо ба рушди кишвар мусоидат кардаанд ва Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки аз қарзҳои Чин истифода мекунад.

Сэм Паркер: "Бале, то як андоза воқеан барои рушд мусоидат мекунанд, вале пайомад ё арзишаш чӣ қадар аст? Яке аз марказҳои мустақили пажӯҳиши ҷаҳонӣ "Маркази рушди ҷаҳонӣ" дар бораи ҳамаи кишварҳое, ки аз Чин қарз мегиранд, гузориш дод ва 8 кишвареро муайян кардааст, ки беш аз ҳама аз Чин пул гирифта, хеле вобастаи қарзҳои Чин шудаанд. Яке аз ин 8 кишвар Тоҷикистон аст. Интизориҳои "Маркази рушди ҷаҳонӣ" ин аст, ки то соли 2024 қарзи Тоҷикистон боз ҳам ба андозаи ҷиддӣ зиёдтар мешавад. Қарзҳое, ки ба Тоҷикистон дода шудааст, бояд баргардонда шаванд. Агар Тоҷикистон саривақт ин қарзҳоро бозгардонда натавонад, мисле, ки мо медонем, истихроҷи чандин конҳои тило ва нуқра ба Чин дода шуданд, ҳамин намуна ба одат табдил хоҳад ёфт. Дар натиҷа фоидаи ин захираҳо на ба Тоҷикистон, балки ба Чин мерасад. Ҳол он ки ин захираҳо шояд хеле бузургтар аз қарзҳо бошанд ва бояд ба мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хидмати дарозмуддат кунанд."

Радиои Озодӣ: Дар ивази қарзҳои худ Чин конҳои тилои Тоҷикистонро гирифт, қариб ҳамаи барномаҳои он аз имтиёзҳои зиёд, ба мисли озод будан аз андоз, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар боҷҳо бархӯрдоранд, вале аз сӯи дигар худи Тоҷикистон қодир нест, истихроҷу коркарди тилло ё нуқраро ба роҳ монад. Пас бояд чӣ кор кунад?

Сэм Паркер: "Дар худи назарияи "Дипломатияи қарзҳои чинӣ", ман ин масъаларо рӯшан сохтам. Ба хотири онки он кишварҳое, ки аз Чин қарз мегиранд, хеле дер эътироф мекунанд, ки чӣ кор кардаанд. Баъд аз онки хеле дер шуд, онҳо эътироф ва дарк мекунанд, ки бар ивази қарзҳои Чин чӣ қадар бойгарии худро аз даст додаанд. Бармегардем ба ҳамон форуме, ки моҳи апрели имсол гузашт. Си Ҷин Пин ва дар умум Чин дарк кардааст, ки назорати қарзҳое, ки дода мешавад, бояд  беҳтар бошад. Яъне, Чин бояд бинад, ки қарзҳоро бо кадом мақсад додааст. Ҳамчунин бояд дарк кунанд, ки ин пулҳо чӣ гуна сарф шуда, боз чигуна ва кай бармегарданд. Тоҷикистон вақте ин қарзҳоро мегирад, бояд хеле мувозиб бошад ва аҳамият диҳад, ки пулҳои Чинро барои чӣ истифода мекунад. Дар гузашта мо медонем, он пулҳое, ки аз Чин гирифта шуд, мувофиқи мақсад истифода нашуд. Зарур нест, ки театр аз ҳисоби қарзҳои Чин сохта шавад. Пулҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон аз Чин гирифта шуд, барои бинои ҳукумату порлумон, парчаму театр сарф шуданд. Тоҷикистонро зарур аст, ки мувозиб бошад, ки қарзашро барои чӣ истифода мебарад. Дар истифода ва сарфи қарз бояд шаффофият вуҷуд дошта бошад."

Радиои Озодӣ: Дар мавриди Тоҷикистон ин ҳам ҳаст, ки чаро Амрико ё кишварҳои Аврупо ба иқтисоди он сармоягузории ночиз доранд, ки табъан ҷойро барои миллиардҳои Чин боз мекунад, магар не?

Сэм Паркер: "Шумо дуруст гуфтед ва мо имрӯз мебинем, ки кишварҳое мисли Тоҷикистон барои рушди инфарсохтор ба сармоягузорӣ ниёз доранд. Аммо кишваҳои ғарбӣ дар кишварҳое мисли Тоҷикистон сармоягузории зиёд надоранд. Бояд Тоҷикистон бубинад, ки фурсати беҳтарини сармоягузорӣ кадом аст. На ҳар тарҳ бад ё осебпазир мебошад. Кишварҳо яку якбора сармоягузории калонро мегиранд, аммо додани ин пул барои онҳо мушкил мешавад. Вақте онҳо пули калонро мегиранд ва додани пул мушкил мешавад, баъд чӣ шуруъ мешавад? Ин гуна кишварҳо конҳои худашонро ба ихтиёри ин ё он кишвари сармоягузор медиҳанд. Барои ҳамин, бояд инхел нашавад ва қабл аз гирифтани қарз, бояд онҳо дуруст таҳлил кунанд. Таҳлил кунанд, ки дар дурнамо чигуна ин пулро ба кишвари сармоягузор бармегардонанд."

Радиои Озодӣ: Бубахшед, ман ба суолам посух нагирифтам. Дар шароите, ки кишварҳои Ғарбӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории калон надоранд ва боз Душанберо ҳушдор медиҳанд, ки аз Чин қарз нагиранд, Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад?

Сэм Паркер: "Бубинед, модели иқтисодии Чин бо кишварҳои ғарбӣ, масалан Амрико, фарқият дорад. Ба хотири онки бахши хусусӣ дар Амрико рушд кардааст. Ҳукумати Амрико ба ширкатҳои сохтмонӣ, ки дар бахши хусусӣ кор мекунанд, наметавонад, дастур диҳад, ки ту рафта дар Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ машғул шав. Бахши хусусие, ки дар Амрико вуҷуд дорад, бештар барои гирифтани фоида манфиатдор аст. Ҳол онки дар Чин чунин нест. Онҳо бештар модели ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатиро истифода мекунанд. Як ширкати чинӣ вақте ба Тоҷикистон омада кор мекунад, агар фоида ҳам набардошта бошад ва барои сиёсати Чин агар фоидаовар бошад, нигоҳ намекунад, ки фоидаи иқтисодӣ бардоштааст ё не. Ширкатҳои амрикоӣ дигаргуна ҳастанд ва онҳо на барои сиёсати Амрико, балки барои гирифтани фоида дар ин ё он кишвар фаъолият мебаранд."

Радиои Озодӣ: Дар худи Чин ришвахорон ё коррупсионерҳо ҷазои сахт мегиранд. Оё метавон гуфт, ки дар кишварҳои зери назараш Чин ба коррупсия чашм мепӯшад ва ҳатто дар густариши он мусоидат мекунад?

Сэм Паркер: "Агар созишнома миёни Тоҷикистон ва давлатҳои Ғарб бошад, давлатҳои ғарбӣ пул медиҳанд, аммо шарту шароит доранд. Шаффофият яке аз ин шартҳо мебошад. Ҳол онки вақте Чин сармоягузорӣ мекунад, вай пеш аз ҳама мегӯяд, ки ба истиқлолияти кишвар эҳтиром мегузорад. Вақте Чин пул медиҳад, мегӯяд ҳар чизе, ки кунед, мо кор надорем. Як ҷанҷоли қарибулвуқуе, ки ба наздикӣ дар Қирғизистон гузашт, ҷанҷоли коррупсионӣ ё фасоди идорӣ буд. Дар натиҷа ду сарвазири Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуданд ва ниҳоятан додситони кулли Қирғизистон гуфт, ки сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ, ки дар Бишкек сохта мешуд, аз лоиҳаи "Як камарбанд-як роҳ"-и Чин маблағгузорӣ шудааст. Дар натиҷа иқтисоди Қирғизистон 100 миллион доллар хисорот дид, аммо коррупсионерҳо аз ин чиз манфиат бурданд."

Радиои Озодӣ: Хулосаи Шумо чист, Тоҷикистон бо идомаи ин роҳ дар мавриди қарзҳои ҳангуфти Чин дар оянда ба чӣ ҳол рӯбарӯ шуда метавонад?

Сэм Паркер: "Ман фикр мекунам, ки ҳоло ҳам саривақт аст, ки Тоҷикистон якбори дигар фикр кунад, ки дар кадом роҳ аст. Баъзе аз лоиҳаҳоро ҳатто метавонад, мутаваққиф созад. Агар Тоҷикистон ба ин роҳ идома додан гирад, барои иқтисоди кишвар воқеан зарар мешавад. Мо гуфта метавонем, ки давом додан дар ин роҳ чӣ маъно дорад. Муҳтавои ин созишномаҳо додани конҳо ё захираҳои минералие, ки Тоҷикистон дорад, мебошад. Аз созишномаҳое, ки ба имзо расонда мешавад, фоидае, ки Тоҷикистон бояд ба иқтисоди худ орад, ин суд ва фоида на ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба Чин меравад. Тоҷикистон бояд таҳлил кунад, кадом тарҳҳоро ба имзо расонад ва шарту шароити созишномаҳо бояд равшан бошанд. Ин бояд барои иқтисоди Тоҷикистон ва барои мардуми Тоҷикистон нафъ орад."

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Переводы с судебного на прокурорское закончились ничем // Резонансное уголовное дело о махинациях в судах прекратят по сроку давности

Новая зубная паста Revyline ChocoWhite для укрепления эмали доступна на сайте магазина Ирригатор.ру

Путешествие по Транссибирской магистрали растянется на 9 тысяч километров

Ежегодный марш-бросок «Волоколамский рубеж» прошел в Подмосковье

Музыкальные новости

Компактные ирригаторы, электрические щетки и насадки ДиФреш по старым ценам с доставкой в РФ

Бизнес-эксперт Екатерина Паршина дала 3 совета, как не стать самодуром в компании

Кукольный коллектив из Бурятии "Ульгэр": Россия, Культура, Театр, Дети, Новости - выступление в дацане на конкурсе по бурятскому языку

Собянин: Центральный кластер комплекса МГТУ им. Н.Э. Баумана будет готов в июне

Новости России

«Не вздумайте покупать этот чай даже по акции»: Росконтроль назвал 3 марки, которые в черном списке

Ежегодный марш-бросок «Волоколамский рубеж» прошел в Подмосковье

Тбилиси заявил о намерении вернуть Абхазию и Южную Осетию к 2030 году

На портале МБМ стартовал спецпроект о патентной системе налогообложения

Экология в России и мире

Генеральным директором «585*ЗОЛОТОЙ» стал Дмитрий Лазарев

Международные дизайнеры приняли участие в Modest Fashion Day в Казани

Что я увидела в экспедиции Малая Вишера — Мста — Окуловка? Часть 1: Аракчеевский городок

Как за два дня увидеть все самое интересное в Новгородской области?

Спорт в России и мире

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024

Надежда Петрова высказалась о перспективах Арины Соболенко снова возглавить рейтинг WTA

Касаткина опустилась на 13-ю строчку в рейтинге WTA, Рахимова поднялась на 18

Теннисист Хачанов отреагировал на возможное отстранение от Олимпиады

Moscow.media

Эксперт по семейному капиталу Светлана Петрова: «Мой путь предпринимателя был прямой, как стрела»

В Петербурге теплоход столкнулся с опорой Благовещенского моста

Брат главы Ингушетии арестован за махинации с деньгами для пенсионеров

По-хорошему у Путина с США не вышло. Один указ, который перевернул все санкции











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Песков: Россия готова развивать сотрудничество с Узбекистаном по поставкам газа

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.

Песков заявил об открытости РФ к расширению сотрудничества с Узбекистаном

Детсады, школы и больницы Томска не отключают от отопления из-за похолодания