Мы в Telegram
Добавить новость

Новый исполняющий обязанности главы МИД Ирана провел первый разговор с Лавровым

В Кировской области уничтожили тонну опасного корма для собак

Серия конкурсов в рамках рыбной недели пройдет в Москве

Студенты из Ступина летом смогут пройти практику в индийском холдинге



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Зиндагӣ баъди зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба ҳаёти маъмулӣ бармегарданд?

Зиндагӣ баъди зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба ҳаёти маъмулӣ бармегарданд?

Зиндагии маҳбасони собиқ дар Тоҷикистон бо мушкилоти печида ҳамроҳ аст. Бархе аз маҳбусон ба мушкилиҳо пирӯз мешаванд ва зиндагии маъмулиро оғоз мекунанд, бархеи дигар дар гирдоби мушкилоти хонаводагӣ дармонда, қонунро вайрон мекунанд ва  дубора пушти панҷара қарор мегиранд. Мутахассисон мегӯянд, давлат талош дорад ба шаҳрвандон ёрӣ кунад, вале зарур аст, ба ин мушкил ба таври систематикӣ расидагӣ шавад.

Озодии номуайян

Ҷунайдулло Худоёров, блогнавис ва фаъоли иҷтимоӣ, ки соли 2018 бо ҷурми ба гуфтаи мақомот салафия ба маҳбас кашида шуд, рӯзи 28-уми октябри имсол афв ва озод шуд. Ҳоло ӯ дар доираи хонаводааш қарор дорад ва мегӯяд, ин хурсандии муваққатист, зеро бовар надорад, бо доғи судӣ дар ватан ҷойи кор пайдо мекунад.

“Каме бо хонавода мемонам, баъд ба Русия меравам. Дар ин ҷо кор пайдо намекунам, ҳатто агар ин гуна имконият ҳам пайдо шавад, музди он ба чизе намерасад. Агар коре бо маоши ҳадди ақал 100-200 доллар пайдо мекардам, мемонадам”, -- иқрор мешавад Худоёров.

Ҳанӯз то замони ба маҳбас афтодан, Ҷунайдуло Худоёров асосан дар шаҳри Сургути Русия зиндагӣ мекард ва ба тиҷорати либосу пойафзол сару кор дошт. Ҳоло тамоми умедворияш баргаштан ба касби пештарааш аст. Мегӯяд, ба болои вазъи мушкил доғи судӣ ҳам асар мегузорад, ки бо доштани он баъйид нест, корфармое ӯро ба кор бипазирад.

Рӯзи 25-уми октябри имсол президенти Тоҷикистон қонун “Дар бораи афв”-ро имзо гузошт. Қонун дар баробари 20 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳбусон татбиқ мешавад. Бар асоси он беш аз 7 ҳазор маҳбус аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Мардуми “дуюмдараҷа”

Озод кардани маҳбусони пешин масъалаи баргашти онҳоро ба зиндагии маъмулӣ ё рӯзмарра доғ кардааст. Мутахассисон мегӯянд, афви бидуни дастгирии минбаъда аз сӯйи давлат наметавонад маҳбусони пешин ва вайронкунандагони қонунро дар масири ислоҳ шудан қарор диҳад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқудони тоҷик, гуфт, ҷомеа ин бахши мардумро на чун шаҳрвандони муқаррарӣ мепазирад ва онҳо бо мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ мешаванд. “Давлат бояд ба ин мушкил расидагӣ кунад. Нафаре, ки аз маҳбас берун мешавад, набояд дигарбора қонунро вайрон кунад ва барои давлат дарди сар шавад”, -- таъкид кард Бобоназарова.

Мувофиқи таҳқиқоте, ки аз сӯйи Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун  дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва маҳбусони пешин” гузаронида шудааст, беш аз 300 маҳбуси пешини пурсидашуда гуфтаанд, ки баъд аз зиндон ба шароити сангини зиндагӣ сар ба сар мешаванд ва худро одами “дувумдараҷа” эҳсос мекунанд.

“Давлат дар доираи имконоти худ ёрӣ мерасонад”

Хидматчиёни давлатӣ ба ин назар, ки давлат барои беҳбуди вазъи маҳбусони собиқ талоше намекунад, розӣ нестанд. Баҳром Самадов, масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ёрии давлат ба маҳбусони пешин ба шакли додани ёрдампулӣ барои бекорӣ ва ёфтани ҷойи кор расонида мешавад. “Онҳо бояд ба мақомоти мо дар маҳалли иқоматашон муроҷиат кунанд ва онҳоро бо ёрдампулӣ ва ҷойи кори мувофиқ ба тахассусашон таъмин менамоянд”, -- гуфт Самадов.

Саид, маҳбуси пешин, ки аз зиндон озод шудааст, мегӯяд, аллакай ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст. “Дар Оҷонси шуғли меҳнат гуфтанд, ки рӯзи 4-уми декабр биоям ва бароям 350 сомонӣ медиҳанд. Вобаста ба ҷойи кор чизе нагуфтанд, вале қарзи бефоиз пешниҳод намуданд, ки рад кардам. Намехоҳам қарз бигирам”, -- нақл кард ҳамсуҳбати мо. Ӯ низ ният дорад, баъд аз гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба муҳоҷират биравад.

Ҳанӯз ду сол пеш, Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро муваззаф карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дода буд, ки соли 2018 беш аз 60 ҳазор нафар, бо шумули маҳбусони пешин бо кор таъмин карда шудаанд. Илова ба ин гуфта шуда буд, ки ба онҳо барои роҳ андохтани тиҷорати хурд қарзҳои боимтиёз ва 1200 сомонӣ дар се моҳи аввали озод шудан дода мешавад.

“Мушкилро ба таври системавӣ бояд ҳал кард”

Наргис Зокирова, мудири Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун, ки шаш сол мешавад ба мушкили баргашти маҳбусони пешин ба зиндагии маъмулӣ сару кор дорад, гуфт, давлат ёрӣ мерасонад, вале барои ҳалли муассири масъала барномаи комил зарур аст. “Тавсияи асосии мо коркард ва қабули барномаи давлатии масъалаи бозиҷтимоӣ кардани нафарони аз маҳбас озодшуда мебошад. Ин мушкилро бояд ба таври систематикӣ ҳал кард”, -- мегӯяд Зокирова. Ба гуфтаи ӯ, маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон асосан бо ин масоил рӯ ба рӯ мешаванд:

Дарёфти шиноснома, зеро аксари онҳо хона надоранд ва хешованд барои сабтиноми онҳо дар манзилашон розӣ намешаванд;

Мушкили пайдо кардани кор. Онҳоро ё ба кор намегиранд ё баъди он ки фаҳмиданд зиндонии собиқ ҳастанд, аз кор меронанд;

Бо табъйиз аз сӯйи наздикону пайвандон. Ҳангоме онҳоро хуб намепазиранд ва баъзан гузаштаи онҳоро ёдовар мешаванд, ки ин вазъи равонии маҳбусони собиқро бад мекунад.

Таҷрибаи ҳамсояҳо

Дар кишварҳои ҳамсоя масъалаи бозиҷтимоӣ шудани маҳбусон дар сатҳи қонунгузорӣ матраҳ шудааст. Соли 2016 дар Қазоқистон қонун “Дар бораи пробатсия” (озодии шартӣ) қабул шуд. Ин қонун расонидани ёрии ҳуқуқиву иҷтимоиро ба гуруҳи мушаххаси маҳбусоне, ки як сол то озод шуданашон мондааст, пешбинӣ мекунад. Барои ин нафарон қонун барномаи инфиродии бозиҷтимоӣ шуданро пешбинӣ менамояд.

Моҳи июли соли 2018 ҳукумати Узбекистон қарори махсусеро “Дар бораи чораҳои амалӣ барои беҳбуди бештари низоми таъминоти иҷтимоӣ ва корёбии нафароне, ки аз зиндон озод шудаанд” содир намуд. Ин санад ташкили пойгоҳи электронии маълумотро дар бораи арзёбӣ ва соҳиби шуғл шудани ин гуна шаҳрвандон ва инчунин расонидани ёриҳои тиббиро пешбинӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон то кунун масъалаҳои назорат ба нафарони аз зиндон раҳошударо нозирони минтақавии милиса мекунанд. “Онҳое, ки доғи судӣ доранд дар мо номнавис мешаванд. Барои ин ба нозирони минтақавӣ вақт ҷудо шудааст”, -- гуфт Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эҳтимол дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон ҳам чунин барномаҳо рӯйи кор биоянд. Наргис Зокирова мегӯяд, аз соли оняда ниҳоди онҳо ният дорад барномаеро ба роҳ монад, ки дар доираи он гуруҳи кории вижа тарҳи маҷмӯии бозиҷтимоӣ шудани маҳбусони пешинро коркард кунад ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Бино ба маълумоти соли гузаштаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, он вақт дар муассисаҳои ислоҳии гуногуни Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешуданд. Дар кишвар 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО), 8 колонияи ислоҳии низомаш гуногун, як колонияи тарбиявӣ барои ноболиғон, як зиндон ва 3 қасабаи маҳбусон мавҷуд аст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Выставка собак и кошек состоялась на территории поселения Воскресенское

Неизвестный ранил ножом четырех человек в метро французского Лиона

На юго-западе Москвы автобус на остановке наехал на пешехода

Источники утверждают, что Лежнева подвел Красный мост

Музыкальные новости

Посол Антонов: Байден оскорбляет весь народ России в нападках на Путина

Путин разорвал договор с олигархами, заключённый в конце 90-х, считает Хазин

Премьера спектакля «Люди А. Выбор» по пьесе Леонида Якубовича

ОНЛАЙН ПРЕМЬЕРА СЕРИАЛА «КРАСНЫЕ ЛИНИИ» В ПРИЛОЖЕНИИ ОНЛАЙН-КИНОТЕАТРА START: НУАРНАЯ ЭСТЕТИКА НА ЭКРАНЕ LG OLED evo

Новости России

Музей Победы представил программу на Поклонной горе в честь последних дней весны

Продажи квартир в московских новойстройках упали на 14%

Xilu: Китай игнорирует предложение Владимира Путина о газопроводе

Источники утверждают, что Лежнева подвел Красный мост

Экология в России и мире

В Реутове обсудили профессиональное становление инвалидов и лиц с ОВЗ

Как за два дня увидеть все самое интересное в Новгородской области?

Театрально-кукольные вести из Бурятского театра "Ульгэр": Россия, Культура, Театр, Дети - Серебряные звездочки засветились в буддийском дацане в Иволге

Генеральным директором «585*ЗОЛОТОЙ» стал Дмитрий Лазарев

Спорт в России и мире

Теннисист Хачанов отреагировал на возможное отстранение от Олимпиады

Абсцесс остался позади // Андрей Рублев первым из игроков топ-10 вышел во второй круг

"Ролан Гаррос" стартовал в Париже

Касаткина опустилась на 13-ю строчку в рейтинге WTA, Рахимова поднялась на 18

Moscow.media

В Петербурге теплоход столкнулся с опорой Благовещенского моста

CorpSoft24 синхронизирует учетные записи в облаке

Брат главы Ингушетии арестован за махинации с деньгами для пенсионеров

Количество пользователей-инвесторов на платформе «Атомайз» превысило 72000











Топ новостей на этот час

Rss.plus






На юго-западе Москвы автобус на остановке наехал на пешехода

Выставка собак и кошек состоялась на территории поселения Воскресенское

Музей Победы представил программу на Поклонной горе в честь последних дней весны

На портале МБМ стартовал спецпроект о патентной системе налогообложения