Шоми якшанбеи 3-юми ноябр эътирозгарони ироқӣ дар шаҳри Карбало ба консулгарии Эрон ҳамла карданд.
Силсилаи эътирозҳои ҳафтаҳои ахир ба нишони нороҳатӣ аз бекорӣ, фасоди сулолаи ҳукмрон ва дахолати Эрон ба умури Ироқ роҳандозӣ шудааст.
Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз нақли шоҳидон овардааст, дар консулгарии Эрон дар Карбало, ки барои мусулмонони шиамазҳаб макони муқаддас мебошад, эътирозгарон парчами Эронро пойин намуда, парчами Ироқро барафарохтанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори партоби зарфи саршор аз сӯзишворӣ ба ҳавлии консулгарии Эрон ҷой дода шудааст. То ҳол Эрон ба ин амал вокуниш нишон надодааст.
Дар рафти эътирозҳои Бағдод ва дигар минтақаҳои зисти мусулмонони шиамазҳаби Ироқ беш аз 250 кас ба ҳалокат расидаанд.
Баъд аз барканории диктатори Ироқ Саддом Ҳусейн дар соли 2003 нуфузи Эрон дар Ироқ афзоиш ёфта, мақомоти эронӣ аз гурӯҳҳои ниманизомии шиа пуштибонӣ мекунанд.