Дар задухӯрди рӯзҳои 19-20-уми октябр дар марзи Покистону Ҳинд гуфта шуд, ки дасти кам 7 мулкӣ ва се сарбоз кушта шуд. Ба эҳтимоли ғолиб, аз моҳи август ба ин сӯ ин ҳодисаи хунинтарин дар минтақаи зери назари Деҳлии Кашмир мебошад. Гузоришҳои мухталиф мегӯяд, ки шумори қурбониҳо метавонад афзоиш ёбад. Сухангӯи артиши Покистон генерал-майор Осиф Ғафур дар паёме тавассути Твиттер рӯзи 20 октябр тирандозии бесабаб аз ҷониби Ҳинд дар хати назорати марзиро гунаҳгор кард, ки ба гуфтааш, “махсус зидди мардуми мулкӣ” нигаронида шудааст. Низомиёни покистонӣ ба AFP гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса “шаш мулкӣ ва як сарбоз дар қисмати зери назари Покистони Кашмир кушта шуданд”. Ғафур гуфт, ки дар ин ҳодиса инчунин ду сарбози покистонӣ ва панҷ мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Ӯ афзуд, ки артиши покистонӣ посух дод ва нӯҳ сарбози ҳиндиро кушта чанд нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ӯ гуфт, ки ду захирагоҳи ҳиндӣ “хароб карда шуд”. Вале манбаъҳои ҳиндӣ дар бораи он чи ки гузашт ва ҳам омори хисорот иттилои баҳсбарангезе нашр карданд. Полиси аршади ҳиндӣ ва мақомоти низомӣ ба Reuters ва AP гуфтанд, ки сарбозони покистонӣ як посгоҳи ҳиндӣ ва ҳам манотиқи мулкиро ҳадаф қарор дода, як сарбоз ва ду мулкиро куштанд. Сухангӯи артиши Ҳинд ба AFP гуфт, ки ду сарбози ҳиндӣ ва як мулкӣ кушта шуда, се нафари дигар дар минтақаи кӯҳии Купвара “дар натиҷаи оташи бесабаби ҷониби Покистон” кушта шуданд.