Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳи сангин кардани ҷазои қаллобон зид баромад

Ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи "қаллобӣ"-и Кодекси ҷиноӣ, ки аз тарафи вакилони порлумон пешниҳод шуда буд, мухолифат кардааст. Ин тарҳ сангинтар кардани ҷазо барои қаллобиро дар назар дошт.


Тарҳи ислоҳи қонун аз тарафи вакилони порлумон моҳи июни имсол омода шуда, барои гирифтани хулоса ба ҳукумат фиристода шудааст.


Пешниҳоди порлумон аз он иборат буд, ки ҷазо дар шакли ҷарима аз моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ бардошта шуда, ба ҷойи он ҳабс таъйин гардад. Ҳоло барои қаллобӣ аз 13 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.


Ҳукумати Тоҷикистон дар хулосаи худ, ки нусхаи он рӯзи 21-уми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, пешниҳоди вакилонро дар бораи ҳабси қаллобон рад кардааст. Дар хулосаи ҳукумат гуфта мешавад:



"Ҳангоми хориҷ намудани ҷазо дар намуди ҷарима аз моддаи 247-и Кодекси мазкур аз як тараф ба барқароршавии зарари аз ҷиноят расондашуда таъсири манфии худро гузошта, аз тарафи дигар он барои дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳ доштани шахсони бо ин қабил ҷиноятҳо маҳкумгардида хароҷоти иловагиро талаб менамояд. Дар як вақт пешниҳоди мазкур хилофи принсипи инсондӯстӣ буда, баръакс, ҷазоро барои содир намудани ҷиноят вазнин менамояд."


Бино ба қоидаи роиҷ ҳамаи ташаббусҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба қонун ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода мешавад.


Ҳолатҳои рад шудани тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун аз сӯи ҳукумат зиёданд, аммо вақте ҳукумат тарҳи тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард, аксар вақт порлумон онро пурра ҷонибдорӣ ва тасвиб мекунад.


Бархе аз коршиносон бо посухи ахири ҳукумат чандон розӣ нестанд, чун бовар доранд, "эҳсоси беҷазоӣ мавридҳои қаллобиро дар кишвар бештар хоҳад кард". 


Мақомот мегӯянд, Кодекси ҷиноӣ дар шакли нав "бояд хислати башардӯстона гирад ва бисёре аз кирдорҳое, ки ҳоло барои он одамон пушти панҷара фиристода мешаванд, бо ҷарима ва ё ҷазоҳои нисбатан сабук иваз карда шаванд". Ин нукта дар “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳам зикр шудааст.


Ҳукумат дар ҳоле ба гуманизатсия ё башардӯстона шудани қонуни ҷиноӣ иқдом ниҳод, ки тағйирҳои чанд соли охир ба Кодекси ҷиноӣ танҳо ба сӯи сахттар кардани ҷазо буданд.


Кодекси ҷиноии Тоҷикистон соли 1998 қабул шуда, аз 405 модда иборат аст. То он замон дар Тоҷикистон Кодекси ҷиноии Иттиҳоди шӯравӣ амал мекард.


Дар гузашта чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла бахши ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон барои гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ даъват карда буданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus