Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ мегӯяд, таниш бо Эрон бояд сулҳомез ҳал шавад, "чун вуқуи як ҷанг байни ду тараф метавонад иқтисоди ҷаҳонро нобуд мекунад." Баҳсҳо миёни Эрон ва Арабистон дар пайи ҳамла ба корхонаҳои нафти Арабистон боло гирифтааст. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ Эронро масъули ин кор медонанд, аммо Теҳрон чунин иттиҳомотро рад кардааст.
Муҳаммад бин Салмон, дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии CBS, ки ба тозагӣ пахш шуд мегӯяд, ба монанди Мойк Помпео, вазири хориҷаи Амрико ӯ низ ҳамла ба корхонаҳои нафтии Арабистонро "иқдоми ҷангӣ" медонад.
Арабистон, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо Эронро масъули ҳамла ба корхонаҳои нафтии Арамко ва майдони бузурги нафтӣ дар Арабистон хонданд. Аммо Ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ меёбанд, масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтаанд. Теҳрон ҳам даст доштан дар онро рад карда, мегӯяд, ин иттиҳом ба хотири "барномарезӣ барои иқдомоти оянда" нисбати Ҷумҳурии исломӣ аст.
Валиаҳди Саудӣ ба шабакаи CBS гуфтаааст, "агар ҷаҳон барои муқобила бо Эрон як иқдоми ҷиддӣ ва устувор дар пай нагирад, мо шоҳиди афзоиши танишҳое хоҳем буд, ки манофеи ҷаҳонро ба хатар меандозад."
Бин Салмон ҳушдор дод, ки натиҷаи ин танишҳо метавонад қимати нафтро ба таври қобили мулоҳиза боло барад. "Ба тавре, ки дар зиндагии мо бесобиқа хоҳад буд",-гуфт бин Салмон.
Ҳамлаи рӯзи 14-уми сентябр ба корхонаҳои истихроҷи нафти Арабистон дар муддати кутоҳ панҷ дарсади тавлидоти нафти кулли ҷаҳонро кам кард.
Муҳаммад бин Салмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки роҳи ҳалли сиёсиро бартарӣ медиҳад, чаро, ки вуқуи як ҷанг байни ду тараф метавонад ба тахриби иқтисоди ҷаҳон бианҷомад. "Роҳи ҳалли сиёсӣ ва сулҳомез барои масъала ба маротиб беҳтар аз як роҳи ҳалли низомӣ аст",-гуфт валиаҳди Арабистон.
Муҳаммад бин Салмон дар айни ҳол хостори мулоқоти руасои ҷумҳури Эрону Амрико ва гуфтугӯи тоза бо Теҳрон шудааст. Ба таъкиди бин Салмон, ин гуфтугӯ барномаи атомии Эрон ва густариши нуфузи Теҳронро дар минтақа бояд дарбар гирад.
Талошҳои густурда барои онки Ҳасан Руҳонӣ ва Доналд Трамп дар ҷараёни маҷмааи куллии СММ дар Ню-Йорк даври як миз биншинанд, бенатиҷа анҷом ёфт. Роҳбарони ҷаҳон хостори дидори Трамп ва Руҳонӣ буданд, аммо Теҳрон гуфт, шарти аввал "бардоштани таҳримҳо" аст ва сипас тарафҳо метавонанд дар ҷараёни нишасти сарони 5+1 рӯбарӯ шаванд.
Валиаҳди Саудӣ худро дар қатли Хошуқҷӣ масъул донист
Муҳаммад бин Салмон дар бахши дигари мусоҳибаи худ бо шабакаи BBC ба масъалаи қатли Ҷамол Хошуқчӣ, блогнавис ва рӯзноманигори мунтақиди оли сауд ҳам дахл кард.
Ҷамол Хошуқҷӣ, ки барои рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷолеро ба роҳ андохт.
Муҳаммад бин Салмон гуфт, ӯ дастури қатли Ҷамол Хошуқҷиро надода, аммо бо унвони валиаҳди кишвараш худро "комилан масъул" медонад.