Мы в Telegram
Добавить новость

Почти 250 водителей с признаками опьянения выявили в столице с начала недели

Сквер «Северный» в Луховицах приведут в порядок благодаря онлайн-голосованию

Детский сквер на ул Калинина в Наро-Фоминске благоустроят благодаря голосованию

В преддверии Дня химика в Ступине наградили лучших работников отрасли



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Гуфтем бонкро исломӣ мекунем, мусулмонон пулашонро гирифтанд" ВИДЕО

Масъулони бонки аввалини исломӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар рӯз чандин нафар ба онҳо муроҷиат мекунад, то фоидаву зиёни ҳамкорӣ бо бонки навро фаҳмад. Вале онҳо мегӯянд, "на ҳама чизе, ки мардум интизор доранд, ба низоми бонкдории исломӣ рост меояд".

Моликони бонк киҳоянд?

Дар чаҳор соли ахир чанде аз бонкҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариён оҷиз монданд. Аксари муштариён низ аз баҳраҳои баланди бонкҳо шикоят мекунанд ва умеди онҳо ба низоми бонкдории исломист. Вале чанде аз коршиносони тоҷик гуфтанд, ҳамон тавре бархе аз сокинон тасаввур мекунанд, "бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз нестанд". 

Бонки аввалини исломӣ дар Тоҷикистон як ҳафта пеш иҷозаи фаъолиятро ба даст овард, вале хидматрасониҳояш расман моҳи ноябр оғоз мешавад. Ин бонк дар заминаи "Соҳибкорбонк" ташкил шудааст, ки сармояаш ба 65 миллион сомонӣ, муодили беш аз 6,5 миллион доллар мерасад.

Номи саҳмдорони бонк расонаӣ нашудааст. Масъулони бонк гуфтанд, соҳибони он чанд тоҷири тоҷиканд. Вале ин ки муовини раиси бонк Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва аз наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, сару садоҳоеро ба миён овардааст. Намояндагони бонк рӯзи 25-уми сентябр гуфтанд, Муҳиддин Ҳасанзода аз ҷумлаи моликони бонк нест.  

Шералӣ Зардов, иҷрокунандаи вазифаи раиси "Тавҳидбонк", рӯзи 25-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бисёре аз сокинон ба бонкдории исломӣ таваҷҷуҳ доранд, вале "дар бораи ин низоми бонкӣ дониши пурра надоранд".

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост: 

Усули анъанавӣ куҳна шуд?

Вай ҳадафи гузаштан ба низоми нави бонкиро "куҳна шудани усули қаблӣ, ҷалби сармоя аз бонкҳои исломӣ ва таъмини хизматрасонӣ ба қишре донист, ки вобаста ба эътиқоди худ аз низоми маъмулии бонкдорӣ истифода намекарданд".

"Беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар мусалмон ҳастанд ва аз 17 бонк ягонтои он мутобиқ ба талаботи ахлоқӣ ва эътиқодии онҳо хадамот пешниҳод намекарданд," -- афзуд Зардов.

Айни замон ӯ гуфт, баъзе аз муштариёнашон баъд аз он ки фаҳмиданд, низоми кори бонк "исломӣ" мешавад, амонатҳояшонро гирифтаанд. Шералӣ Зардов афзуд: "Як мисоли аҷиб меорам. Баъд аз гирифтани иҷозатнома, мо соҳибони амонатҳоро даъват карда ва гуфтем, ки дигар бо усули кӯҳна кор намекунем. Агар шумо розӣ набошед, маблағҳоро бармегардонем, ё бо тариқи музораба, ё иштирок дар суду зиёни бонк корро идома медиҳем. Якум гурӯҳе, ки омаданд, 14 ё 16 нафар буд. Аз ин 14 нафар шаҳрвандони худамон, намояндагони дину мазҳаби худамон буданд, ҳама даст кашиданд. Онҳо гуфтанд, ки мо амонатҳоямонро мегирем. Як насронӣ гуфт, ки ман мемонам, маблағҳояш ҳам бисёр буд.”

Бонки исломӣ чӣ гуна бонк аст?

Низоми идораи бонки исломӣ бо вижагиҳои худ аз бонки маъмулӣ фарқ дорад. Дар ин низом қабул ва пардохти фоиз ё баҳра бо ҳар роҳе манъ аст. Масъулон мегӯянд, "бонки исломӣ ба қонунҳои шариати Ислом такя мекунад ва амалиёти бонкӣ аз ҷониби кумитаи шариатӣ муайян ва назорат мешавад".

Хуршед Мироқилов, як намояндаи “Тавҳидбонк”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “маблағгузориҳои вобаста ба сигору шароб ё қимор манъ аст. Мо дар ҳар се моҳ таҷҳизотеро, ки бо ҳадафи тиҷорат барои мизоҷ харида медиҳем, таҳқиқ мекунем. Барои мисол, асбоби мусиқие, ки муштарӣ бо ҳадафи дигар гирифта, баъдан дар ягон клуби шабона истифода мекунад, пули фоидаи онро бонк намегирад ва барои хайрия сарф мекунад."

Бо оғози кори "Тавҳидбонк" ҳамакнун дар низоми бонкдории Тоҷикистон низ истилоҳу амалиёти наве ба мисли "Музораба", "Муробаҳа", "Салам" ва "Иҷара" ба миён меояд. 

Масъулони “Тавҳидбонк” гуфтанд, дар оғози фаъолияти бонк бештар дар асоси шартномаи “Муробаҳа” ба муштариён хизмат расонида мешавад. Яъне, бонк вобаста бо дархосту интихоби муштарӣ, молу ашёи заруриро харида, ба иловаи маблағ ба ӯ мефурӯшад. Мизоҷ ҳам давра ба давра ин маблағро ба бонк бармегардонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи шартнома аз муштарӣ гарав талаб мешавад. Дар бонкдории исломӣ фоида ва ҳам зарар байни бонк ва муштарӣ тақсим мешавад.

"Ҷойи хайру садақа нест"

Сафаргул Шарифова, як соҳибкори тоҷик, мехоҳад, аз бонки исломӣ 9 миллион сомонӣ гирифта, корхонаи дӯзандагӣ кушояд. Вале дар бонки исломӣ ба ӯ гуфтаанд, ки феълан чунин имкон надоранд.

“Дар тамоми бонкҳо гарав талаб мекунанд. Мо ин гаравро надорем ва ба бонки рушди соҳибкорӣ ду дафъа муроҷиат кардем, онҳо рад карданд. Баҳраи бонкҳо барои истеҳсолот аслан мувофиқ нест. Аз 25 то беш аз 30 дар саданд, ки ҳеҷ мумкин нест кор кардан,” -- гуфт Шарифова.

Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси тоҷик, ки дар чанд бонкҳои исломии хориҷи кишвар фаъолият кардааст, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, як назарсанҷии онҳо нишон дод, ки қисми бештари мардум бонкҳои исломиро ниҳодҳои хайру садақа медонанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин коршинос дар асл чунин нест ва бонкҳои исломӣ дар баробари қарз талаботи хеле сахт доранд.

Мавзӯи роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистони дунявӣ тақрибан даҳ сол боз идома дорад. Нахустин Қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ” соли 2014 қабул шуд, вале давоми панҷ сол ягон бонк натавониста буд, ба бонкдории исломӣ гузарад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

На юго-западе Москвы автобус наехал на мужчину на остановке

Музей Победы представил программу на Поклонной горе в честь последних дней весны

Российские войска взяли в оперативные клещи отряды противника в микрорайоне Солнечный города Красногоровка

Aurus Senat: раскрыты сроки выхода обновлённой версии в производство

Музыкальные новости

Собянин: Работы в пяти корпусах нового кластера Бауманки практически завершены

«ИМЕНЕМ ЗАКОНА»: «СВЯТОЙ ЛЕНИН» ОТМЕНЯЕТ НАЛОГИ С ЗАРПЛАТ НАРОДА!

"Зенит" стал чемпионом России сезона-2023/24

Посол Антонов: Байден оскорбляет весь народ России в нападках на Путина

Новости России

В Москве на мотофестивале произошла массовая авария

Севастопольцы были как никогда активны на предварительном голосовании единороссов

В Коломбо обнаружили мертвым посла Франции в Шри-Ланке и на Мальдивах Пактэ

Музей Победы представил программу на Поклонной горе в честь последних дней весны

Экология в России и мире

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.

Бизнес-эксперт Екатерина Паршина дала 3 совета, как не стать самодуром в компании

Международные дизайнеры приняли участие в Modest Fashion Day в Казани

В Реутове обсудили профессиональное становление инвалидов и лиц с ОВЗ

Спорт в России и мире

Камилла Рахимова вышла в полуфинал турнира WTA-250 в Рабате

Янник Синнер: «Нужно наслаждаться давлением, потому что мы не врачи, которые оперируют людей»

В Париже стартует «Ролан Гаррос» открытый чемпионат Франции по теннису

Теннисист Рублев вышел во второй круг Открытого чемпионата Франции

Moscow.media

В Судаке проверили бывших мигрантов, не вставших на воинский учет

Московская Пивоваренная Компания перешла на кадровый ЭДО с помощью HRlink

23 МАЯ РОССИЙСКАЯ МЕЖДУНАРОДНАЯ АКАДЕМИЯ ТУРИЗМА ОТМЕТИЛА СВОЙ 55-Й ДЕНЬ РОЖДЕНИЯ. ФОТОРЕПОРТАЖ

Бузова и "Зенит"











Топ новостей на этот час

Rss.plus






27 мая 2024 года отмечается Общероссийский день библиотек, открытки с праздником

Тюкавин признан лучшим игроком сезона 2023/24 в РПЛ

В Коломбо обнаружили мертвым посла Франции в Шри-Ланке и на Мальдивах Пактэ

Слишкович заявил, что поражение «Спартака» от «Балтики» в Кубке России стало самым сложным моментом