Вазорати кишоварзии Қазоқистон тасмим дорад, содироти чорворо манъ кунад. Дар ин бора хабаргузории "Қазинформ" иттилоъ додааст.
Кумитаи умури аграрӣ, истифодаи табиат ва рушди деҳоти Сенати Қазоқистон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи қонуни тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои қонуниеро баррасӣ кард, ки соҳаи агросаноатии ин кишварро танзим мекунанд. Сенатор Алӣ Бектоев гуфт, кишвараш аз гӯшт дида чорворо бештар содир мекунад.
"Танҳо дар соли равон содироти чорво ду баробар афзоиш ёфтааст. Бояд сиёсати содиротиро дар ин самт тағйир дод", - изҳор дошт ӯ.
Вазири кишоварзии Қазоқистон Сапархон Омаров гуфт, кишвараш аллакай содироти чорворо маҳдуд кардааст. "Чорво асосан ба Узбекистон содир мешавад. Мо ҳоло онро маҳдуд кардем, то вазъро назорат карда тавонем", - афзуд вай.
Вакилони Сенати Қазоқистон дар посух хостанд, ки содироти чорво ба хориҷ аз ин кишвар пурра манъ карда шавад. Ба гуфтаи Омаров, ин масъала ҳоло хеле баҳсбарангез шуда, чорводорон дар ду сангар қарор гирифтаанд. Яке ҷонибдору дигарӣ зидди содироти чорвоанд.
Ба иттилои Gazeta.uz, аз моҳи январ то июни соли равон ба Узбекистон ба маблағи 59,3 млн доллар чорвои калон ворид карда шудааст, ки 84,5 дарсади он аз Қазоқистон мебошад.