Туркия дар солҳои мустақилӣ дар иқтисоди Қирғизистон бештар аз 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми сентябр президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар форуми тиҷории Туркияву Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи вай, соли 2018 аз Туркия 93 миллион доллари сармоя ворид шудааст. Гардиши солонаи мол байни ду кишвар бештар аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад.
"Дар гуфтугуҳо бо роҳбари Туркия Раҷаб Эрдуғон мо ба созиш расидем, ки гардиши солонаи молро ба 1 миллиард доллар расонем. Барои ин талоши ду кишвар ва соҳибкорон зарур аст", - гуфт Ҷеенбеков.
Вай ҳамчунин афзуд, барои сармоягузорӣ дар Қирғизистон ҳамаи шароит фароҳам шудааст ва Ҷеенбеков ҳамчунин аз соҳибкорони турк даъват кард, ки дар рушди иқтисоди Қирғизистон сармоягузории бештар кунанд.