Гурӯҳе аз сокинони Покистон, ки аз қатли кӯдаки 4-солае ба хашм омдаанд, идораи пулисро дар ноҳияи Лаки Марват оташ заданд. Онҳо мегӯянд, ки пулис қодир ба муҳофизати сокинон нест. Рӯзе пеш ҷасади Увайси 4-соларо ёфтанд, ки як моҳ пеш аз назди хонаашон рабуда шуд. Омилҳои марги кӯдак маълум нест.