Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Шӯрои федератсия: "Дар эътирозҳои Москва хориҷиҳо даст доранд"

Муовини раиси кумитаи Шӯрои федератсия оид ба умури байналмилалӣ ва узви комиссияи ҳимояти ҳокимияти Русия Андрей Климов гуфт, дар эътирозҳои мухолифони шаҳри Москва хориҷиҳо даст дошта, Ғарб ба умури дохилии кишвараш дахолат мекунад.


Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина "оҳанги асосӣ-"ро ИМА менавозад. Климов мегӯяд, 10 август дар тазоҳуроти мухолифон дар хиёбони Академик Сахарови пойтахти Русия шахсони душаҳрвандие иштирок доштанд, ки ба кишварҳои дигар савганди садоқат ёд кардаанд.


Ӯ ҳамчун намуна рэпсаро Oxxxymiron-ро зикр кард, ки "бештари умри 34-солаашро дар Аврупои Ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё сипарӣ карда, ҳоло тасмим гирифтааст, аз ҳуқуқи номзадҳои мустақил ба мақоми вакилии маҷлиси шаҳрии Москва ҳимоят кунад". Климов ҳамчунин баъзе аз шаҳрвандони ИМА-ро мисол овард, ки гӯиё ба иштирокчиёни тазоҳуроти 10 август машварати ҳуқуқӣ расонидаанд.


Пештар шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, бештари онҳое, ки бо талаби роҳ ёфтани номзадҳои мустақил ба маҷлиси шаҳрӣ тазоҳурот мекунанд, сокинони пойтахти Русия нестанд. Вале як назарсанҷӣ дар тазоҳуроти хиёбони Сахаров нишон дод, ки 80 дарсади эътирозгарон сокини пойтахти Русия ва 17 дарсад сокинони вилояти Москва ҳастанд.


Дар маркази шаҳри Москва бо талаби роҳ ёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ як моҳ мешавад, эътирозҳо идома доранд. Пулис ҷамъан то имрӯз ҳудуди се ҳазор одамро дастгир кардааст. Кумитаи тафтишотии Русия пас аз тазоҳуроти 27 июл зидди 14 кас бо банди ташкили бетартибиҳои оммавӣ парванда боз кардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus