Пулиси шаҳри Алмато Айдана Айдархон --духтари Арон Едигеев, шоир ва мухолифи қазоқро, ки боздошт шуда буд, 14 июл пас аз бозпурсӣ раҳо кард.
Ба гуфтаи Айдархон, маъмурони ҳифҳи зуқуқ аз ӯ пурсидаанд, ки ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязовро ҷонибдорӣ мекунад, ё не. Пас аз шунидани посухи манфӣ ӯро ҷавоб дода, ҳамзамон огаҳ кардаанд, ки дигар қонуни баргузории ҷамъомадҳоро поймол накунад.
"Маро ҳудуди 10 дақиқа бозпурсӣ карданд. Сипас нафаре дар либоси мулкӣ омада, гуфт, ки метавонам биравам",-афзуд ӯ.
Айдана Айдархони 27-сола дар пояи тандиси шоир ва мутафаккири қазоқ Абай иқдоми шоирона барпо кард. Вай дар пояи тандис бо шиори "Шоир дар зиндон" ва акси падараш меистод.
Ӯ гуфт, иқдоми мазкурро ба хотири падараш амалӣ мекунад, ки баъди ҳаводиси шаҳраки Шанирак дар санаи 14 июли соли 2006 боздошт ва 18 сол зиндонӣ шудааст.
Тақрибан баъди 20 дақиқаи шуруи иқдом пулис ҳозир шуд. Пулис аз Айдана хост, ки худро муаррифӣ кунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷат пулис ӯро боздошт кард.
Падари Айдана Айдархон айбҳои эъломшударо дар робита ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" рад мекунад.