Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи ҳукуматӣ раиси вилояти Андиҷони он кишвар Шуҳрат Абдураҳмоновро барои дашном додани сардухтури вилоят танқид кард. Мирзиёев гуфт, аз паҳн шудани садои дашномҳои Абдураҳмонов тавассути интернет огоҳӣ дорад.
"Ман туро эҳтиром мекунам. Вале сахт буд шунидани он чи ки ту баён кардаву дар Интернет нашр шуд. Бардошти бештар дошта бош. Садоқат - дигар асту амал кардан дигар",-гуфт Мирзиёев дар хитоб ба раиси вилояти Андиҷон.
Шуҳрат Абдураҳмонов гуфт, иштибоҳашро дарк кардааст ва ваъда медиҳад, ки чунин иштибоҳ "дигар такрор нахоҳад шуд".
Охири моҳи июн садои дашномҳои раиси вилояти Андиҷони Узбекистон нисбати сардори раёсати тандурустии вилоят Авазбек Абдураҳмонов дар интернет нашр шуд. Сабаби ин дашномҳо он буд, ки сардори раёсати тандурустӣ аз болои раиси вилоят ба додситонии кулли Узбекистон шикоят бурд.