Сафорати Русия дар шаҳри Каракас иттилоъ дод, ки низомиёни ин кишвар Венесуэларо тарк мекунанд. Дар иттилоияи сафорат омадааст, ки низомиёни рус дар Венесуэла корҳои нақшавиеро анҷом доданд ва 26 июни соли равон бояд ба Москва бо ҳавопаймои "Ил-62" парвоз кунанд. Гуфта нашудааст, ки чанд низомӣ ба Русия бармегардад.
Пештар хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки 25 июн ҳавопаймои Вазорати дифои Русия дар фурудгоҳи Каракас нишаст. Ин ҳавопаймо ҳамроҳи "Ан-124"-и борбар моҳи марти соли равон низ ба Венесуэла парвоз карда буд. Он замон хабар дода шуд, ки ҳудуди 100 низомии рус ба Венесуэла рафтаанд. Дар миёни онҳо мутахассисони таъйиноти махсус, аз ҷумла оид ба амнияти киберӣ низ ҳастанд.
Сафари низомиёни рус ба Венесуэла баҳси дипломатиеро миёни Вашингтон ва Москва ба бор овард. Кохи сафед Кремлро ба он айбдор кард, ки ба корҳои дохилии Венесуэла дахолат мекунад. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Русия бояд аз Венесуэла биравад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ба Венесуэла танҳо афсароне рафтанд, ки дар доираи созишномаи хариду фурӯши силоҳ хидмат мерасонанд.
Дар Венесуэла аз аввали соли равон миёни ҷонибдорони президент Николас Мадуро ва раҳбари мухолифон Хуан Гувайдо задухурдҳо идома доранд. ИМА, бештари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла медонанд. Русия, Чин, Эрон, Туркия, Куба ва Боливия аз Мадуро ҳимоят доранд.