Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Кивер: САҲА пуштибонии озодии баён дар Тоҷикистонро идома медиҳад

Роҳбари нави Дафтари САҲА дар Душанбе мегӯяд, ин созмон кӯмаки худро барои таъмини озодии баён дар Тоҷикистон идома медиҳад.


Валериу Кивер, роҳбари нави намояндагии САҲА дар Душанбе рӯзи 21-уми июн зимни як нишасте вобаста ба худтанзимкунии ВАО гуфт, барномаҳои ин созмон барои кӯмак ба рушди ВАО дар Тоҷикистон идома хоҳанд дод. Ҷаноби Кивер гуфт, САҲА аз оғоз барои дастгирии ВАО дар Тоҷикистон фаъол буд ва худи ӯ ба ояндаи ин кор назари нек дорад.


Бо ин ҳама роҳбари дафтари нави САҲА дар Душанбе афзуд, “ВАО ба ҳайси як “ҳукумати чорум”-и иловагӣ дар қатори ҳукуматҳои иҷрокунанда, қонунгузор ва адлия мебошад, ҳарчанд ин қувваи бузург метавонад сӯиистифода шавад ва демократияро зери хатар гузорад”.


Роҳбарии нави САҲА дар Душанбе дар ҳоле ба дастгирии озодии баён таъкид мекунад, ки коршиносон ин созмонро ба хомӯшӣ дар баробари нақзи озодии баён дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.


Баъди сентябри соли 2016 равобити ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА дучори мушкил шуд.  Ширкати мухолифону мунаққидони ҳукумати тоҷик дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава  мавриди эътирози ҳукумати Тоҷикистон шуд ва баъди ним сол мақоми ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дафтарҳои саҳроии он дар минтақаҳои кишвар баста шуд.


САҲА мегӯяд, ки конфронси ҳуқуқи башари ин созмон – як майдони озоди баҳсу баррасиҳо барои ҳама гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аст ва ҳеҷ гоҳ ширкати ин ё он гурӯҳро дар ин нишасти муҳим маҳдуд намекунад.


Тоҷикистон солҳои охир барои маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ мавриди интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шудааст.


Валериу Кивер моҳи майи имсол ҳамчун роҳбари нави Дафтари САҲА дар Душанбе ба кор шуруъ намуд. Худи ӯ мегӯяд, то омадан ба Тоҷикистон дар чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун намояндаи САҲА фаъолият кардааст. Азҷумла Кивер соли 2005 мушовири раиси САҲА дар Узбекистон, баъдан танзимгари барномаҳои САҲА дар Ашқободи Туркманистон, Алмаатои Қазоқистон ва муовини раиси САҲА дар Бишкек буд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus