Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Додситонӣ лағви дахлнопазирии Отамбоевро баррасӣ мекунад

Порлумони Қирғизистон рӯзи 20 июн хулосаи комиссияи вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ кард. 100 вакили порлумон раъйи мусбат ва танҳо 5 тан раъйи манфӣ доданд. Канибек Имоналиев, раиси комисия ва узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ки ҷараёни лағви дахлнопазирии Отамбоев чӣ гуна сурат мегирад.


"Акнун додситонии кул он шаш айбро меомӯзад ва хулосаи худро пешниҳод мекунад. Агар айбҳо воқеӣ баҳо дода шаванд, баъд тавассути кумитаҳои марбутаи порлумон пешниҳоди бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев ба раъйдиҳии вакилон гузошта мешавад. Агар додситонӣ баҳои манфӣ диҳад, пас кори мо барбод меравад",-гуфт Имоналиев.


Рӯзи 18 июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.


Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад.


Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.


Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.


Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ҳангоми ташкили комиссияи порлумонӣ барои бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев Конститутсияи ин кишвар нақз карда шудааст. Ҳизб мегӯяд, Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро 24 ноябри соли 2017 дарёфт кард ва қонуне, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад, 4 апрели соли равон қабул шудааст.


Ба гуфтаи масъулони ҳизб, қарори порлумони Қирғизистон барои ташкили комиссияи мазкур низ қуваи ҳуқуқӣ надорад, зеро он ба феҳристи давлатии меъёрҳои ҳуқуқӣ шомил карда нашудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus