Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар остонаи ҷаласаи СҲШ мулоқоти президентони Қирғизистону Чин барпо шуд

Раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, як созмони минтақавии таҳти раҳбарии Маскав ва Пекин рӯзи 13 июн барои ширкат дар ҷаласаи дурӯзаи сарони кишварҳои узв дар Бишкек ҷамъ мешаванд.



Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон  ва Узбекистон созмони сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии Авруосиёро дар оғози солҳои 2000-ум таъсис дода, ду сол пеш ба узвияти он Ҳинду Покистон ҳам шомил шуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон нақши нозирро доранд.



 Дар остонаи ҷаласаи СҲШ дар Бишкек, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақавиро бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари президенти Қирғизистон хабар дод.



Ҷеенбеков баъди музокираҳо гуфт, ки Бишкек ва Пекин “дар амри мубориза бо се душман – терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ дидгоҳи воҳид доранд”.



 Ӯ инчунин  афзуд, Қирғизистон аз мавқеи Чин дар робита бо Тайван ҳимоят мекунад, ки мегӯяд, “Тайван бахши ҷудоинопазири Чин мебошад ва Қирғизистон дар ин замина аз Чин ҳимоят мекунад”.



 Пекин ҷазирақаламравро ба унвони як минтақаи шӯришӣ арзёбӣ мекунад ва ҳамеша таъкид кардааст, ки чун бахше аз  қаламрави Чин ва воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Чин арзёбӣ шавад.



 Ҷеенбеков инчунин гуфт, ки ҳамоиш додани аққалиятҳои қирғиз ва дигар аксар мардуми бумии мусалмонтабор дар минтақаи Шинҷони шимолу ғарби Чин “кори дохилии Чин” мебошад.  Ӯ гуфт, “Қирғизистон дар ин масъала ҳам аз мавқеи раҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳимоят мекунад”.


Дар идомаи рӯз қарор аст ба Бишкек президенти Русия Владимир Путин ҳам ворид шавад ва бо президенти Қирғизистон Ҷеенбеков ва нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ мулоқоти ҷудогона барпо кунад.


Кремлин инчунин гуфт, ки раҳбари Русия инчунин қарор аст дар ҳошияи нишасти СҲШ бо раҳбарони Чин ва Муғулистон як ҷаласаи сегона барпо кунад.



Баъди ин ҷаласа, ки то 14 июн идома мекунад, Путин, Сӣ ва раҳбарони Осиёи Марказиву мақомоти даҳҳо кишварҳо ба Душанбе барои ширкат дар конфронсаи  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 

мераванд.

 Путин пеш аз сафар ба Бишкек рӯзи 13 июн гуфт, ки дар ин ҳамоиш қарор аст вазъи Афғонистон, созиши ҳастаӣ бо Эрон ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирад. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus