Добавить новость


World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Январь
2026

Новости за 21.01.2026

Ozodi.org 

Муҳиддин Кабирӣ дар мақоми раиси ПМТ мондааст

Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон, як созмони мухолифи давлат ва мамнӯъ дар кишвар, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили собиқи порлумонро дигарбора раиси паймон интихоб кардааст. Паймони миллӣ рӯзи 21-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, як гурӯҳи корӣ, ки аз соли гузашта бояд роҳкору роҳҳои ояндаи паймонро маълум мекард, тавсия додааст, ки имсол интихоби раҳбари нав баррасӣ нашавад. Дар баёния омадааст: «Гурӯҳи корӣ ба Шӯрои ПМТ тавсия дод, то дар вазъияти кунунӣ масъалаи интихоби... Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия мехоҳад танҳо муҳоҷиронеро қабул кунад, ки ба таври муташаккилона ворид шудаанд

Мақомоти Русия эълон карданд, ки аз 1-уми январи соли 2027 ба таври озмоишӣ танҳо муҳоҷиронеро ба қор қабул мекунанд, ки дар давлатҳояшон ба таври муташакиллона интихоб ва фиристода шудаанд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми январи соли 2026 (Пахши зинда)

Ҷузъиёт ва исмҳои нав аз занозанӣ дар тарабхонаи "Паралмент"-и Хуҷанд Русия нақша дорад,муҳоҷиронро танҳо бо роҳи интихоби муташакиллона ба кор ҷалб кунад Ҳамлаҳои Русия беш аз як миллион нафарро дар Киев бе нерӯи барқ гузошт Шикояти муштариёни саргардон аз ширкати сохтмонӣ дар Душанбе

Ozodi.org 

Парванда ба зидди шавҳар барои то ба ҳадди худкушӣ расондани ҳамсар

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи вазорат, бо бадрафториву зулму ситам ба занаш, ӯро то ба ҳадди қасди худкушӣ расонидааст. Вазорат рӯзи 21-уми январ гуфт, як сокини 28-солаи ноҳияи Айнӣ, “аз соли 2018 то ин ҷониб мунтазам бо роҳи таҳдид шаъну шарафи ҳамсараш ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷоро паст зада, бо баҳонаи бо шахсони бегона муносибати маҳрамона дошта ва гӯё фоҳиша мебошад, дашномҳои кабеҳ намудааст.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки шавҳари... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Чаро нархҳо зуд-зуд боло мераванд, аммо маош зиёд намешавад?"

Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон дар соли гузашта гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон ва меҳмонони Душанбе пурсиданд, ки ба вазирон ва дигар мақомдорон чӣ суол доранд? БАЪЗЕ ПОСУХҲОРО ИНҶО ХОНЕД: Чаро суръати интернет суст аст? Нархҳо баланд, аммо интернет ба ин нарх ҷавобгӯ нест. Маъюбоне ҳастанд, ки ба онҳо ёрдам додан даркор. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мардум ба вазирон ва раисон чӣ суол доранд?

Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Мардум ба вазирон ва раисон чӣ суол доранд?

Ozodi.org 

Боздошти зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли навраси рус

Расонаҳои Русия дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштори навраси рус боздошт шуд, маълумоти бештар нашр карданд. Ба гузориши расонаҳои русӣ, Имомалӣ Турдиев солҳо пеш ҳамроҳи оилааш аз Тоҷикистон нахуст ба вилояти Кемерово ва баъдан ба вилояти Маскав омадаанд. Имомалӣ шаҳрвандии Русияро доштааст. Бародараш гуфтааст, Имомалӣ Турдиев дар Русия бузург шудааст. Ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо иттиҳоми куштани навраси рус боздошт шуд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух додааст. Читать дальше...




Ozodi.org 

Дархости Сафорати Чин: ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон наравед

Сафоратхонаҳои Чин дар Душанбе ва Кобул аз шаҳрвандони чинӣ хостанд, ки ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон сафар накунанд. Намояндагони Сафорати Чин дар Душанбе ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст" ва барои ҳамин "сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд". Дар Сафорати Чин умедворӣ кардаанд, ки вазъият дар марз "дар ниҳоят ба эътидол меояд". Читать дальше...

Ozodi.org 

Барои хариди автобусҳои барқӣ ба Тоҷикистон 10 миллион евро медиҳанд

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои хариди автобусҳои барқӣ ва беҳтар шудани кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, ба Тоҷикистон 10 миллион евро қарзу грант медиҳад. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, созишнома 20-уми январ дар Душанбе имзо шудааст. Манбаъ мегӯяд, аз 10 миллион евро 6,4 миллион қарз ва 3,6 миллиони евро грант ё маблағи бебозгашт мебошад. “Ҳадафи асосии лоиҳа ин харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизотҳо, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад”... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бозии санҷишии тими миллии футзали Тоҷикистон бо Саудӣ мусовӣ шуд

Тими миллии футзали Тоҷикистон бозии сеюми санҷиширо дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри  Ҷакартаи Индонезия бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ozodi.org 

Ватанка: "Хоманаӣ он "падаре" нест, ки худро вонамуд мекунад"

Радиои Озодӣ бо Алекс Ватанка, мудири барномаҳои Эрон дар Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна дар Вашингтон, дар бораи иқдомҳои эҳтимолии Амрико ба зидди ҳокимони Эрон ва имкони тағйирот дар ин кишвар сӯҳбат кард.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus