Заминларза вилояти Хатлонро такон додааст
Рӯзи 21-уми апрел зилзила қисмате аз вилояти Хатлонро такон дод. Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, заминларза соати 11:17 сабт шуд. Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар 59-километри ноҳияи Кӯшониён буд. “Қувваи заминларза дар марказаш 4 дараҷа ва дар ноҳияи Кӯшониён 2-3 дараҷаро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст,” - омадааст дар маълумотномаи расмӣ. Дар як ҳафтаи охир Тоҷикистон шоҳиди чанд заминларзаи сахт шуд. Читать дальше...