Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Дар шаҳри Кӯлоб бисёр сокиноне, ки аз субҳи барвақт аз паи кору ташвиши худ мешаванд, бо мушкили набуди истгоҳҳои маданӣ барои нақлиёти мусофирбар рӯбарӯ мешаванд.
Дар Покистон нигарониҳо аз эҳтимоли озоду одилона барпо шудани интихоботи 8-уми фервали сартосарӣ бештар мешавад. Яке аз сабабҳои чунин ҳол таъқиби ҳизби сарвазири собиқи ин кишвар Имрон Хон ва дигаре даъватҳо ба таъхири овозодиҳӣ аст, ки бо ишора ба таҳдидҳои амниятӣ матраҳ мешавад.
Президенти Тоҷикистон дар Қатар бо футболбозони тоҷик вохӯрд; мусоҳиба дар бораи бозии Тоҷикистон бо Лубнон дар Ҷоми Осиё; истгоҳҳои автобус дар Кӯлоб куҷо шуданд? Талаби таҳқиқи бадрафторӣ нисбат ба муҳоҷирон; ташвиш дар арафаи интихоботи умумии Покистон; фавти ду мусофири ҳавопаймои суқутнамудаи Русия дар Афғонистон.
Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии сеюм ва сарнавиштсозашро дар мусобиқоти Ҷоми Осиё дар гурӯҳи “А” 22-юми январ бо мунтахаби Лубнон анҷом медиҳад.
Хабир Давлатов-раиси дастаи футболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки барои пайгирии рақобатҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми футболи Осиё ба Қатар сафар кардааст, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Улан Асаналиев гуфт, бовар дорад, ки Тоҷикистон Лубнонро мағлуб мекунад.
Вазорати беҳдошти борикаи Ғазза рӯзи 21 январ гуфт, шумори талафоти фаластиниҳо дар ҷанги Исроил баъди ҳуҷуми Ҳамос - созмоне, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, аз 25 ҳазор нафар гузашт. Исроил аз даргузашти як гаравгони дигар хабар дод.
Рӯзи 21-уми январ аз даргузашти Владимир Илйич Ленин, инқилобгари рус, бунёдгузори ҳизби болшевикон, назарияпардози сиёсии ҷаҳонӣ, сармеъмори сиёсати миллии шӯравӣ ва бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 100 сол сипарӣ шуд.
Кай дар Кӯлоб истгоҳҳои нақлиёт барқарор мешаванд?
Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии сеюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар гурӯҳи “А” 22-юми январ бо мунтахаби Лубнон анҷом медиҳад.