Додситонии кулли Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ бо эрод ва вокуниш ба матлаби "Қонуне, ки сарнавишти даҳҳо хонаро равшан накард" (29 сентябри 2023) шарҳ додааст, ки манзили, ба истилоҳ, ғайриқонунӣ сохтаи кӣ афв хоҳад шуд ва амволи кӣ не.
Раҳбари Чеченистон хост, интихоботи навбатии президентиро дар Русия бекор кунанд. Интихобот бояд моҳи марти соли 2024 баргузор шавад.
Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зуд поён додан ба хушунатҳо миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" шуд.
Маҷид Таваккулӣ, фаъоли сиёсии Эрон, давраи ҳабсашро дар зиндони "Эвин"-и Теҳрон оғоз кард.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо ҳузури беш аз 10 000 варзишгар аз 45 кишвар баргузор шуд, шоми якшанбе ба поён расид.
Даргирии миёни нерӯҳои Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 8-уми октябр идома кард. Расонаҳои Исроил дар бораи талафоти 600 кас гузориш доданд. Мақомоти Фаластин аз кушта шудани зиёда аз 300 нафар гуфтанд. Ҷанг чӣ гуна оғоз шуд, дар видео бинед.
Ба гузориши чанд расонаи исроилӣ, талафоти Исроил аз ҳамлаи густурдаи "Ҳамос" ба 600 нафар расидааст.
Вазорати дифои Туркия рӯзи 8-уми октябр хабар дод, ки нерӯҳои ин кишвар 58 ҷангҷӯйи курдро дар шимоли Сурия куштаанд.
Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 43,32 километри дигари сарҳад мувофиқа кардаанд.
Ба назар мерасад, бисёриҳо дар Тоҷикистон иттилоъ надоранд, ки 7-уми октябр рӯзи ҷаҳонии панба (пахта) аст, вагарна монанди ҷашнвораҳои кадуву харбузаву картошкаву пиёз шояд ҷашнворае барои панба ва панбакорон низ доштем.
Созмони Милал мегӯяд, арманиҳое, ки аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба Арманистон фирор кардаанд, ба “ёрии фаврии башарӣ” муҳтоҷанд.
Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр бо партофтани садҳо мушак аз Навори Ғазза ва фиристодани ҷангҷӯёнаш ба он сӯйи сарҳад ҳамлаи бузургтарин ва ғофилгиронаи худро ба Исроил сар кард.
Намояндагони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 8-уми октябр гуфтанд, ки теъдоди ҷонбохтагони зилзилаи сахт дар вилояти Ҳирот ба 2053 нафар расид.
Дастаи мунтахаби футзалиТоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Абдуҷаббор Сафаров, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти Гран-прии самбо, ки рӯзҳои 3-4-уми октябр дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Тухмзанӣ ба мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, тазоҳуроти мухолифон, латукӯби ронандаи собиқи сафорат дар Берлин ва боздошти наздикони эътирозгарон дар Тоҷикистон. Баҳсу кашокаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тухмзанӣ ба мошини раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон, тазоҳуроти мухолифон ва латукӯби ронандаи собики сафорат дар Берлин. Баҳсу кашокаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин чӣ буд? Эътирози муқаррарӣ ё таҳқири Тоҷикистон?