Ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯйи зиндагии беҳтар ба воситаи Мексика ба Амрико мераванд. Чанд муҳоҷири эҳтимолӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, на роҳи пурмашаққат ва на қонунҳои наву сахтгиронаи Иёлоти Муттаҳида онҳоро аз ин сафар бознамедорад.
Бар асари таркиши зарф ё балони газ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанд нафар осеб дидаанд.
Нерӯҳои вижаи пулис дар шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳ аз муҳоҷиронро тафтиш ва иддаеро латукӯб ва боздошту ҷарима кардаанд. Онҳо дар сохтмони "Лахта Сентр", иншооти вобаста ба ширкати "Газпром", кор мекунанд. Ҳодиса соати дувоздаҳи рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтодааст.
Русия даромадани қариб 500 шаҳрванди Амрико, аз ҷумла Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаро ба ин кишвар мамнуъ кард.
Нерӯҳои вижаи пулис дар шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳ аз муҳоҷиронро тафтиш ва иддаеро латукӯб ва боздошту ҷарима кардаанд. Онҳо дар сохтмони "Лахта Сентр", иншооти вобаста ба ширкати "Газпром", кор мекунанд. Ҳодиса рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтодааст.
Моҳи майи соли 2022, дар пайи эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ба иттилои расмӣ, 29 кас ва ба маълумоти ёфтаи Радиои Озодӣ камаш 34 кас кушта шуданд.
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз як мусофири самти Душанбе-Деҳлӣ ду кило маводи мухаддири навъи ҳероин ёфтаанд.
Навори латукӯби сарбозон дар артиши Тоҷикистон бо паҳн шуданаш хашми бисёриҳоро барангехт. Аз ин воқеа тақрибан як моҳ гузашт, аммо ба ҷуз як шарҳи Додситонии кул дар бораи боздошти фармондеҳи қисми марзбонӣ ва панҷ сарбоз чизи дигаре дастрас нест. Ва суоле беҷавоб монд, ки таъсири он чӣ буд?
Чанде пеш навори латукӯби сарбозон дар артиши Тоҷикистон нашру паҳн шуд ва натанҳо хашми бисёриҳоро дар дохил барангехт, балки кишварро дар сархати расонаҳои ҷаҳон ҷо дод.
Додгоҳи ноҳияи Бостандики шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 19-уми май ҳукми 25 гумонбарро дар ҳодисаҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар эълон кард.