Мақомоти Беларус Алексей Шота, сардабири пойгоҳи мустақили хабарии Hrodna.life-ро дастгир карданд. Полиси Ҳродна рӯзи 30-юми май дар эъломияе гуфт, дар ин пойгоҳи хабарӣ матлаберо ҷой додаанд ки "экстремистӣ эътироф шудааст".
Стивен Сигал, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд, ки шаҳрвандии Русияро дорад, ба як ҳизби сиёсии тарафдори Кремл пайваст.
Баъзе аз сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон, ҷузъиёти мулоқотро бо раиси ҷумҳури он кишвар, Содир Ҷабборов, нақл карданд. Онҳо гуфтанд, ки масъалаи роҳи Ворух матраҳ набуд, аммо мавзӯи табдили баъзе аз қитъаҳо садо дод.
Саид Деҳқон, вакили мудофеи як сайёҳи фаронсавӣ, мегӯяд, додситонии Эрон тасдиқ кардааст, ки шахси зери ҳимояти ӯ бо иттиҳоми ҷосусӣ ва "таблиғи зидди низом" муҳокима мешавад.
Албатта, хабар доред, ки мақомоти Тоҷикистон ширкатҳои русиро барои бо нархи гарон фурӯхтани билетҳо муттаҳам карда, парвози чанде аз ҳавопаймоҳоро боздоштанд. Ин вазъ боис ба таҷаммӯи садҳо мусофири норозӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шуд.
Светлана Тихановская, пешвои мухолифини режими Беларус, аз ҳимояти байнулмилалӣ ба зидди раҳбари худкомаи ин кишвар, Александр Лукашенко, ситоиш кард.
Ба мансабдорони баландпоя ва роҳбарони ширкатҳои бузурги хусусӣ дар Туркманистон (мардҳо) амр дода шудааст, ки мӯйҳои сарашонро битарошанд ва аз кӯлоҳҳои суннатии туркманӣ истифода кунанд.
Даҳҳо дипломати Русия ва хонаводаҳояшон аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чехия, берун карда шуданд. Дастури ихроҷи онҳо моҳи апрел содир шуда буд.
Бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар наздикии сохтмони роҳи оҳан, ки шарқи Эронро бо вилояти Ҳироти Афғонистон хоҳад пайваст, шаш нерӯи амниятии Афғонистон кушта шудаанд. Волии Ҳирот гуфт, нерӯҳои амниятӣ хатти роҳи оҳанро дар ноҳияи Ғориён посбонӣ мекарданд. Ҳодиса рӯзи 29-уми май рӯй дод.
Расонаҳои Бритониё гузориш доданд, ки Борис Ҷонсон, нахуствазири ин кишвар бо номзадаш Кэрри Саймондс дар як маросими пинҳонӣ издивоҷ кардааст.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия (Идораи зиндонҳои Тоҷикистон) барои бозгардондани чойнаки чойҷӯшонии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини пешини раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, розӣ шудааст.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Тайланд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ шаби 29-уми май дар варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммади шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.
Мақомоти Тоҷикистон ширкатҳои русиро барои бо нархи гарон фурӯхтани билетҳо муттаҳам карда, парвози чанде аз онҳоро боздоштанд. Даҳҳо хонанда навиштаанд, агар ҳадаф арзон кардани нархи билети ҳавопаймоҳост, чаро Тоҷикистон ҷилави ширкатҳои худиро намегирад, то ба дигарон намуна шавад.
Дар Қирғизистон мақомоти расмӣ саъй доранд, қонуне қабул кунанд, ки чандин сол пеш дар Тоҷикистон қабул шуд ва баҳсу даъвои зиёде барангехт.