Бонки миллии Тоҷикистон “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ду бонки гирифтори мушкилро барҳам дод. "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Назари масъулони ин ду бонк ба бозхонд шудани иҷозатномаи фаъолияташон дастрас нашудааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар ду изҳороти ҷудогона ва мушобеҳ, ки дар сомонааш рӯзи 21-уми май нашр шуд, гуфтааст, иҷозатномаи ин ду бонк бозхонд шудааст ва то “таъини мудири... Читать дальше...
Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, се ширкати ҳавопаймоии русӣ розигӣ додаанд, ки аз ин пас билет ба Русияро аз 500 доллар боло нахоҳанд фурӯхт. Бар асоси баёнияи Оҷонсӣ, чунин розигиро ширкатҳои ширкатҳои "Сибир, "Уралские авиалини" ва "Ямал" додаанд.
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ба ихтиёри як ширкати оффшорӣ гузаштани паёмакҳои бозаргониро бекор кардааст.
Оташбас байни Исроил ва фаластинҳо дар Ғаза рӯзи ҷумъаи 21-уми май пас аз 11 рӯз даргирии хунин, оғоз шуд. Ин оташбас аз соати дуи шаб ба вақти ба иҷро даромад. Тибқи гузоришҳо, дар даргириҳои 11-рӯза 232 нафар дар Ғаза ва 12 нафар дар Исроил кушта шуданд ва беш аз 50 ҳазор нафар низ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, ки чанд дақиқа пас аз оғози оташбас, шуморе аз мардум дар кӯчаҳои Ғаза ба хурсандӣ ва пойкӯбӣ пардохтанд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз ин оташбас истиқбол кард ва гуфт... Читать дальше...
Дастаҳои "Насаф", ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон ва "Аҳал", ноиби қаҳрамони Туркманистон, ки дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гуруҳи худ ғолиб шуданд, ба ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа мушарраф гаштанд. “Насаф” дар бозии ҳалкунандаи гуруҳи “F”, ки рӯзи панҷшанбе, 20-уми май, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, “Олтин Асир”, қаҳрамони Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “F “Хуҷанд”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон... Читать дальше...
Муваффақияти овозхони зодаи Тоҷикистон аз Русия Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни байналмилалии Eurovision шоми 18-уми май бо истиқболи гарми тарафдоронаш дар Тоҷикистону Русия рӯбарӯ шуд.