Ду блогнависи тоҷик дар озмуне барои дарёфти ҳаққи коромӯзӣ дар расонаҳои Бритониё пирӯз шуда, дар зудтарин фурсат озими Лондон мешаванд. Ин блогнависон бовар доранд, ки кори онҳо ба фоидаи ҷомеа аст, ҳарчанд на ҳама аз чунин мавзеъ ҳимоят мекунанд. Ҳадятулло Азимзодаи 21-сола, донишҷӯйи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе ошиқи гӯшии кӯчаке шуда буд, ки барои сӯҳбатҳои телефонӣ истифода мешавад. Имкони дарёфти ин гӯширо IWPR ё Пажӯҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ якҷо бо хабаргузории... Читать дальше...
Бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) рӯзҳои 23-24-уми феврал доир гардиданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста ширкат дорад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Равшан» (Кӯлоб), ба гурӯҳи «Б» «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Хатлон» (Бохтар) дохиланд. Бозиҳои даври дувум дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд. Читать дальше...
Мансабдороне, ки дар ноҳияи Яккасаройи Тошканд ба буридани дарахтон дастур дода буданд, 200 ҳазор доллар ҷарима шуданд. Додситонии шаҳри Тошканди Узбекистон нисбати муовини раиси ноҳияи Яккасарой ва моликони ширкати сохтмонӣ парванда боз кард, ки дарахтонро бурида буд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, ширкати сохтмони "Building and supplies" 81 дарахтро бидуни иҷозат буридааст. Ширкат тасмим дорад, бинои истиқоматӣ бунёд кунад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон рӯзи 21 феврал ба додситонӣ шикоят бурд. Читать дальше...
Содироти нерӯи барқи Туркманистон ба Узбекистон ба иллати садама дар хатти баландшиддати интиқолӣ 13 маротиба кам шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии "Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Садама субҳи 21-уми феврал дар хатти интиқолие рух додааст, ки маркази барқу гармидиҳии Марӣ ва истгоҳи "Сардор"-ро ба ҳам мепайвандад. Ба Узбекистон низ аз истгоҳи "Сардор" барқ интиқол меёбад. Дар натиҷа содироти барқ ба Узбекистон аз 780 МВт то ба 60 МВт коҳиш ёфтааст. "Шабакаҳои... Читать дальше...
Дар шаҳри Фолкмарзенеи Олмон ронандаи мошини сабукрави "Мерседес" иштирокдорони як роҳпаймоиро пахш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа дасти кам 30 кас захмӣ шудаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Пулиси Кассел хабар дод, ки ронанда боздошт шудааст. Мақомоти Олмон то ҳол ҳамлаи террористӣ будани ҳодисаро тасдиқ накардаанд, вале шоҳидон мегӯянд, ронанда вақте ба самти роҳпаймоён равон шуд, суръати мошинро якбора баланд кард. Тавре маълум шуд, ронанда шаҳрванди 29-солаи Олмон аст. Пулис Эссен дар "Твиттер" иттилоъ дод... Читать дальше...
Ҳайати мунсифа рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Ню-Йорк коргардони пешини Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейнро ба ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла озори ҷинсӣ ва таҷовуз айбдор донист. Ба иттилои Reuters, дар сурати эътирофи гуноҳ бар асоси яке аз бандҳо - "ҳамлаи хушунатомези ҷинсӣ" ба Вайнштейн маҳрум шудан аз озодӣ то ба ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ нисбат ба Вайнштейн 11-уми март эълом мешавад. Бештари ҳунармандони Ҳоливуд моҳи октябри соли 2017 Вайнштейнро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд. Читать дальше...
Даҳҳо тан аз моликони мошинҳои дорои рақами қайди давлатии хориҷӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми феврал аз мақомот хостанд, ки мошинҳои воридкардаи онҳоро афв ва пардохтҳои дигарро барояшон кам кунанд. Онҳое, ки аз Қирғизистон ва Арманистон ба Қазоқистон мошин ворид кардаанд, аз раиси маҷлиси Қазоқистон Нурлан Нигматулин хостанд, ки иқдоми моликони мошинҳоро ҷонибдорӣ кунад. "Кӣ ин пардохтҳои миллиониро фикр кардааст? Пардохтҳое, ки аз арзиши худи мошинҳо бештар ҳастанд. Ин ҳисобу китобҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Читать дальше...
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти маҳсулоти сохтмониро ба осоишгоҳҳои "Зумрад" дар Исфара ва "Шоҳамбарӣ" дар Ҳисор аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кард.