Мы в Telegram
Добавить новость

Схему движения транспорта временно изменят в округе

Жителей Подмосковья проинформировали о лесопожарной обстановке на 12–14 мая

Россиянам рассказали о компенсации валютного долга по актуальному курсу

Жилищный кризис станет «‎ключевым полем битвы» для Европы



World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Ноябрь
2019

Новости за 20.11.2019

Ozodi.org 

Толибон "қаттолтарин гуруҳи террористӣ" дар соли 2019

Муаллифони як гузориши байналмилалӣ Толибонро "қаттолтарин гуруҳи террористии сол" номида ва гуфтаанд, ки соли 2018 қурбониёни дасти ин гурӯҳ назар ба қурбониёни дасти созмонҳои дигари террористӣ бештар будааст. Шохиси Байналмилалии Терроризм, ки Пажуҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ рӯзи 20-уми ноябр нашр кард, нишон медиҳад, маргумир аз дасти Толибон дар муқоиса ба соли 2018-ум 71 дарсад афзудааст. Ин муассиса дар Австралия қароргоҳ дорад. Созмон мегӯяд, соли 2018 дар натиҷаи ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон 6103 нафар ҳалок шудаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Худдорӣ ва эҳтиёт. Нигоҳҳо аз Душанбе ба рӯйдодҳои Эрон

Дар баробари интиқоди афзояндаи байнулмилалӣ аз саркӯби тазоҳуроти эрониён сарони Ҷумҳурии исломии Эрон эълом доштанд, ки "тавтеаи душман"-ро шикаст доданд. Эътирозҳо дар ин кишвар пас аз эълони гарон шудани бензин сар шуда, бино ба хабарҳо даҳҳо нафар дар ҷараёни он кушта шудаанд. "Мардуми мо пирӯзманд шуд," -- гуфт президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 20-уми ноябр. Вай афзуд, эътирозҳо кори "ошӯбталабони мусаллаҳе буд", ки камшуморанд. Вай ҳамчунин ишора кард, ки ин рӯйдодҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик

Баъд аз бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо футболбозони Қирғизистон, ки бо вокунишҳои зиёд ва аксаран манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ бо Анваршоҳ Мирзоев, мутахассиси Федератсияи Футбол суҳбат кард ва аз ӯ дар ин бора пурсид. Бозии дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон шоми 19-уми ноябр дар Бишкек мусовӣ анҷом ёфт. Тафсилотро дар видео бинед.

Ozodi.org 

Бинои алоҳида барои ифротиён. Ҷойи ислоҳ ё пешгирӣ аз ошӯб? ВИДЕО

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гунаҳкорони терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо карда, алоҳида ва дар биноҳои махсус нигоҳ медоранд. Онҳо рӯзи 20-уми ноябр дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе гуфтанд, тарҳи биноҳо омодааст. Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ошӯбҳо маҳбусонеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд. Айни замон ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, эҳтимолан фасод... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баҳси шароити зиндонҳо дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гунаҳкорони терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо карда, дар биноҳои махсус нигоҳ хоҳанд дошт. Онҳо рӯзи 20-уми ноябр дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе эълон карданд, ки тарҳи биноҳо омодааст. Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ҳарду ошӯб маҳбусонеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 20-уми ноябри соли 2019

Муҳоҷирони тоҷикро аз сармо наҷот доданд, мақомоти тоҷик мехоҳанд, террористонро дар камераҳои хос нигаҳ доранд, мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон, нигаронии волидони ноболиғи муттаҳам бо куштор ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон истифода аз Wi-Fi-ҳоро танзим мекунанд

Ҳукумати шаҳри Душанбе назорати истифода аз Wi-Fi ё интернети бепул дар баъзе аз боғу тарабхонаҳо ва назди донишгоҳҳои пойтахтро сахттар кардааст. Қарор дар ин бора рӯзи 15-уми ноябр содир шуд. Бино ба он, минбаъд рақами телефони ҳар истифодабарандаи Wi-Fi-и бепул дар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе сабт шуда, ба кадом сомона даромадани онҳо назорат мегардад. Тартиби наве, ки баъзе аз сокинони пойтахт бо он розӣ нестанд ва нақзи дастрасии озод ба шабакаҳои ҷаҳонӣ медонанд.

Ozodi.org 

Эътирози модар аз ҷинояткори бераҳм нишон додани писари ноболиғаш

Волидон ва вакили мудофеъи фарди ноболиғе, ки ба қатли ду нафар муттаҳам мешавад, аз намоиши батакрори писари 15 -солаашон дар гузориши телевизионӣ ибрози нигаронӣ карда, мегӯянд, ин гузориш ӯро дар чашми мардум ҷинояткор муаррифӣ кардааст. Дар гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ки бори дуввум аст дар телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад, наврас аз ноҳияи Варзоб нақл мекунад, ки чӣ тавр бо табар ду нафарро кушта, ба дарё андохтааст.   Волидон иддао доранд, ки гузориш сохтаи мақомот аст... Читать дальше...




Ozodi.org 

Хонае, ки дар он Ҳитлер ба дунё омадааст, идораи пулис мешавад. ВИДЕО

Қарор аст, хонаеро, ки дар он соли 1889 Адолф Ҳитлер зода шудааст, ба идораи пулис табдил диҳанд. Мақомот умед доранд, ин иқдом чапгароҳои ашаддиро, ки ин хонаро ба макони зиёрат табдил медиҳанд, бозмедорад. Неонатсистон ё қавмгароёни тозапайдо дигар наметавонанд ба зиёрати хонае, ки Адолф Ҳитлер зода шудааст, бираванд. Чунки эҳтимол онҳоро дар он ҷо боздошт кунанд. Вазорати корҳои дохилии Австрия эълон кард, биное, ки диктатор ба дунё омадааст, ба идораи пулис табдил медиҳанд. Ин тасмим ба моҷаро... Читать дальше...

Ozodi.org 

Писари президенти пешини Олмон дар Берлин кушта шуд

Дар шаҳри Берлин Фритс фон Вайтсзеккери табиб, фарзанди президенти аввали Олмони муттаҳида Рихард фон Вайтсзеккер кушта шуд. Сабабҳои куштани ӯ ҳанӯз маълум нест. Замоне, ки Фритс фон Вайтсзеккер дар клиникаи хусусии Шарлотенбург, дар мавриди маризиҳои ҷигар суханронӣ мекард, шахси номаълум бо корд ҳамла карда, ба ӯ чанд зарбаи марговар задааст. Пулисе, ки бо либоси мулкӣ миёни шунавандаҳо ҳузур дошт, талош кард ба ҳамлавар монеъа эҷод кунад, аммо худи ӯ ҳам сахт захмӣ шуд. Фритс фон Вайтсзеккер... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шоҳидии Курт Волкер ва Тим Мориссон дар Конгресси Амрико

Фиристодаи пешини Амрико барои Украина Курт Волкер ҳамроҳ бо мақоми собиқи Шӯрои амнияти миллӣ Тим Моррисон шоми 19-уми ноябр давоми панҷ соат бо гуруҳе аз аъзои Конгресс дар бораи импичмент ё радди салоҳияти президент гуфтугӯ карданд. Аъзои демократи Маҷлиси Намояндагон масъалаи эҳтимоли суистифодаи қудрат аз ҷониби Доналд Трамп ва талоши боздоштани кумакҳо ба як ҳукумати хориҷӣ ба хотири роҳандозӣ шудани тафтиши кори рақиби интихоботиашро таҳқиқ мекунанд. Дар меҳвари ин ҳама таҳқиқот гуфтугӯи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Аз се ду ҳиссаи кӯдакони афғон аз ҷанг ҷабр дидаанд

Save The Children ё созмони "Наҷоти кӯдакон" мегӯяд, аз ҷангҳои дарозмуддат дар Афғонистон аз се ду ҳиссаи кӯдакони ин кишвар осеб дидаанд. Дар гузориши созмон аз рӯзи 19-уми ноябр омадааст, ин кӯдакон ё узви хонаводаро аз даст додаанд, маҷруҳ шудаанд ва ё шоҳиди ҷангу ҳамлаҳо будаанд.  Дар пурсише, ки миёни 700 калонсол ва кӯдакон дар чаҳор вилояти Афғонистон анҷом шуд, маълум гардидааст, ки аксари ноболиғон аз афсурдагӣ ва изтироб ранҷ мебаранд ва барои раҳоӣ аз ин ҳол ба хадамоти ҳаётан муҳим дастрасӣ надоранд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳалокати ду сарбози амрикоӣ дар суқути чархбол дар Афғонистон

Низомиёни Амрико гуфтанд, ки бар асари суқути чархболе дар Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Бино ба изҳороти бахши матбуоти нирӯҳои Амрико дар Афғонистон, таҳқиқ дар бораи сабабҳои садама оғоз шуд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки бар асоси маълумоти ибтидоӣ, чархбол ба асари "тирандозии душман" суқут накардааст. Ҷузъиёти дигар дастрас нест. Толибон иддао карданд, ки чархбол соати яки шаби 20-уми ноябр дар минтақаи Чархи вилояти Лугар зада шуд ва ҳамаи сарнишинонаш ҷон бохтанд. Фавод Амон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Зарбаҳои ҳавоии Исроил ба чанд таъсисот дар Сурия

Артиши Исроил гуфт, дар посух ба мушакандозиҳо ба Баландиҳои Ҷулони зери назораташ ба даҳҳо таъсисоти низомиёни эронӣ ва Сурия дар қаламрави ин кишвар зарба задааст. Дар баёнияи артиш, омадааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ рӯзи 20-уми ноябр ба таъсисоти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ҷумла, мушакҳои замин ба ҳаво, анбори аслиҳа, пойгоҳҳоро ҳадаф гирифтанд. Артиши Исроил ҳамчунин гуфт, ки баъзе аз тӯпхонаҳои дифои ҳавоии нерӯҳои Сурияро баъди оташ кушодан ба самти ҳавопаймоҳо нобуд кардааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Натоиҷи бозиҳои даври шашуми рақобатҳо дар қораи Осиё

Рӯзи 19-уми ноябр 16 бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ доир гардид. Дар 7 бозӣ мизбонон ва дар 5 дидор меҳмонон ғолиб омаданд, 4 бозӣ мусовӣ шуд.  Ҳисоби аз ҳама бузург дар даври шашум дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Урдун ва Тайбейи Чин ба назар расид. Мизбонон - футболбозони мунтахаби Урдун - ба дарвозаи меҳмонон панҷ голи беҷавоб заданд. Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, даври 6-ум, 19-уми ноябр: Гурӯҳи А... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон гунаҳкорони терроризмро дар биноҳои махсус ҷой мекунад

Мақомоти Тоҷикистон дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе гуфтанд, ки гунаҳкорон ба терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо мекунанд ва дар биноҳои махсус нигоҳ медоранд. Онҳо гуфтанд, тарҳи биноҳо омадааст, аммо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ҳарду ошӯб зиндониёнеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд. Айни замон ин тахминҳо ҳам вуҷуд дорад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳушдори мақоми рус аз хатари ДОИШ пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"

Мақомоти Русия бо ишора ба ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Узбекистон гуфтаанд, ки хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои минтақа воқеӣ мебошад. Ин матлабро Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бахши амнияту пешгирии тундгароӣ, баён додааст. Ба навиштаи хабаргузории русии РИА Новости, оқои Моргулов  барқарории субот дар Афғонистонро омили асосии сулҳ дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ гуфтааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Хашми Чин аз ифшои санадҳои давлатӣ дар бораи ӯйғурҳо

Ҳукумати Чин рӯзи сешанбе ифшои беш аз 400 сафҳа "санадҳои ҳассоси Ҳизби коммунист" аз сӯи рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймс"-ро, ки аз иртиботи ҳукумати Чин бо раҳбарии Си Ҷинпин бо боздошти густурдаи мусалмонони ӯйғур парда мебардорад, ба шиддат маҳкум кард.  Боздоштҳои густурдаи мусалмонони ӯйғур дар минтақаи Шинҷон (Туркистони шарқӣ) аз сӯи ҳукумати Чин вокунишҳои байналмилалии зиёдеро дар пай дошт, аммо Пекин исрор дорад, ки онҳо боздошт нашуда ва танҳо ба боздоштгоҳҳои "бозомӯзӣ", мунтақил шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар доираи парвандаи изҳори нобоварӣ ба Трамп 4 шоҳид баёнот доданд

Сардори умури аврупоии Шӯрои амнияти миллии ИМА ва мутахассис оид ба Украина подполковник Александр Виндман рӯзи сешанбе дар ҷаласаи бози Кумитаи иктишофии Палатаи намояндагони Конгресс баромад кард. Виндман 25-уми июли соли равон дар суҳбати телефонии президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский ҳузур дошт. Мухолифони Трамп, ки ба барканорияш аз қудрат талош доранд, мегӯянд, президенти Амрико дар он суҳбат аз ҳамтои украинии худ хостааст, то зидди Хантер Байден, писари... Читать дальше...

Ozodi.org 

Додгоҳи Қазоқистон ҳукми "ҷонибдорон"-и Аблязовро содир кард

Додгоҳе дар шаҳри Алмато 19 ноябр чаҳор сокини маҳаллиро, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" (ИДҚ) айбдор мешуданд, яксолӣ шартан аз озодӣ маҳрум кард. Ҳабси пешакии ҳамаи гумонбарон тағйир ёфта, Гулзода Ҷаукерова, Оксана Шевчук ва Ануар Аширалиев аз толори додгоҳ озод шуданд. Гумонбари чаҳорум Жазира Демеуова аз моҳи сентябр ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Додгоҳ се нафарро ба корҳои ислоҳӣ маҳкум карда, Шевчук ба иллати модари серфарзанд буданаш озод шуд. Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Tencent: поведение Токаева при президенте РФ Путине удивило Китай

Премьер Риши Сунак заявил, что следующие 5 лет — одни из самых опасных в истории Британии

Александр Овечкин и Виталий Фридзон посетили 4-й матч ЦСКА – «Зенит»

Росавиация расследует полёт самолёта на малой высоте по трассе в Подмосковье

Музыкальные новости

Журналист Карпов: Миллер не заходил в раздевалку "Зенита" после поражения от ЦСКА

Встреча предпринимателей «Бизнес.ReStart» прошла в Химках

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет

Армяне в Великой Отечественной войне: Иван Георгиевич Магакьян

Новости России

Педагоги из Якутии провели мастер-классы и игры на выставке «Россия» в Москве

Премьер Риши Сунак заявил, что следующие 5 лет — одни из самых опасных в истории Британии

20 лет без Ленина: выяснилось, зачем стали драпировать Мавзолей во время Парада Победы

Лещенко: напишу песню, если "Динамо" станет чемпионом

Экология в России и мире

Оксана Федорова представила на выставке-форуме «Россия» премьеру фильма «Петербург Шаляпина и Рахманинова»

Стой и не двигайся: доктор Кутушов рассказал, что делать при встрече со змеями

Тихий инфаркт: Как распознать вовремя?

Где находится самая северная страусиная ферма в мире?

Спорт в России и мире

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году

Шнайдер вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме, победив Самсонову в российском дерби

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме

Касаткина обыграла Марию и вышла в третий круг турнира WTA-1000 в Риме

Moscow.media

Продвижение Песен, Музыки, Стихов ВКонтакте. Способы и методы увеличения прослушивания песни, музыки, стихов ВКонтакте.

Народный электромобиль за 360 тысяч рублей. Компания FAW объявила цену новой модели

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ

Компания Volkswagen окончательно откажется от моделей с индексом GTX











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Эквайеры спускаются в подземку // Банкиров привлекают большие обороты по счетам метрополитена

Потомственный ученый, соратник Грефа, ценитель живописи: кто такой Андрей Белоусов, новый министр обороны РФ

Исполнительницу Аллу Пугачеву на официальном уровне признали в Израиле

НОВОЕ правительство 2024. Шойгу покинет пост министра обороны России (2)