Як нозири минтақавӣ дар Русия барои хунукназарие, ки ба марги Ҳувайдо Тиллозода, духтарчаи 5-солаи тоҷик анҷомид, муҷозот шуд.
Рӯзноманигорои тоҷику қирғиз ба тавофуқ расиданд, ки барои пӯшиши беғаразонаи масоили марзӣ, дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни ду кишвар, як маркази матбуотии сайёр таъсис диҳанд.
Киев аз фармони президент Владимир Путин дар бораи сода гардонидани раванди дарёфти шиносномаҳои Русия ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба Шӯрои амнияти СММ шикоят бурд. Дар ин бора намояндаи доимии Украина дар СММ Владимир Елченко дар Твиттер хабар дод. Дипломати украин гуфт, иқдоми раҳбарияти Русия хилофи созишномаи Минск аст. Пештар ситоди президенти нави Украина Владимир Зеленский даъват карда буд, ки дар робита ба фармони мазкур фишорҳои дипломатӣ ва таҳримҳо зидди Москва пурзӯр карда шаванд. Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел барои иштирок дар Форуми дувуми байналмилалии "Як камарбанд-як роҳ" ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекин -- пойтахти Чин сафар кард. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент дар масоили байналмилалӣ, вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва дигар афрод расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд. Форуми "Як камарбанд-як роҳ" рӯзҳои 26-27 апрел баргузор хоҳад шуд. Читать дальше...
Ду блогнависи тошкандиро, ки оғози моҳи ҷорӣ дар авбошӣ дар бинои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон айбдор карда буданд, ба боздоштгоҳи тафтишотии Хадамоти давлатии амният интиқол доданд. Ҳамакнун онҳоро дар тундгароӣ айбдор мекунанд. Блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остонов, ки пештар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буданд, акнун ҳамчун тундгаро муҳокима мешаванд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Ӯзбекистон дар телефонҳои ҳамроҳи ин... Читать дальше...
Ширкати "ЮрАзия дар Қирғизистон" вазъи атрофи коркарди уран дар вилояти Иссиқкӯлро шарҳ дод. Светлана Менг, мудири кулли ширкат мегӯяд, истихроҷи уран барои муҳити атроф ва сокинони маҳаллӣ зиёновар нест. "Конҳои уран дар ҳоле хатарнок мешаванд, ки агар шумо коркарди ҳаҷми бузург ва зеризаминии онро бар роҳ монед. Мо коркарди ҳаҷми хурди онро анҷом медиҳем. Одамон дар ин макон солҳои сол зиндагӣ кардаанд. Онҳо танҳо оташро бод медиҳанд. Мо технологияи безарартаринро интихоб кардем. Мо заминро покиза мекунем... Читать дальше...
Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии муташаккили ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ кард. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ӯро 13 сол зиндонӣ кунад. Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15 феврали соли 2018 дар ҳабс аст. Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд. Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд. Читать дальше...
Даъват аз муҳоҷирони ҷавони тоҷик барои хидмат дар ватан, онҳоеро, ки соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистону Русия ҳастанд, дар ростои тасмими душвор қарор додааст.
Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.
Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа – дар гурзандозӣ соҳиби медали тилло гардид. Ин панҷумин нишони тиллои ӯ дар қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.
Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.
Туркманистон рӯйхати донишгоҳҳои хориҷиеро таҳия кардааст, ки танҳо дипломи онҳо дар он кишвар эътибор доранд. Номи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест ва тақдири беш аз 2 ҳазор донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон норӯшан мондааст.