Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон дар ҷаласаи Ҳизби сотсиал-демократии кишвараш дар шаҳри Бишкек рӯзи 17 март гуфт, "аз он таассуф мехӯрад, ки Ҷеенбековро сари қудрат овард". "Маро бубахшед, ки тамоми умр зидди режимҳои авторитарии хонаводагӣ мубориза карда, ба умқи чунин одам назар накарда, танҳо ба зоҳираш иктифо кардам ва чунин хонаводаро сари қудрат овардам", - гуфт Отамбоев. Вай ҳамчунин илова кард, "талош мекунад, ки иштибоҳашро ҷуброн ва ҳақиқатро баён кунад". Отамбоев ҳукумати... Читать дальше...
Мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 15-17-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.
Як хонаводаи иборат аз 23 нафар тӯли тақрибан 10 моҳи ахир зери барфу борон дар як хаймае дар маркази Душанбе зиндагӣ мекунад. Манзили ин хонавода дар пайи як амалиёти қаллобии хешовандонаш таҳти ҳабс қарор дорад ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз тасмими худро дар бораи ин қазия эълон накардааст. Аъзои ин хонавода ба навбат яксоатӣ мехобанду ҳатто ҳоҷатхонае дар ихтиёр надоранд.
Як хонаводаи иборат аз 23 нафар тӯли тақрибан 10 моҳи ахир зери барфу борон дар як хаймае дар маркази Душанбе зиндагӣ мекунад.
Шӯрои FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, Бразилияро макони баргузории мусобиқоти XVI қаҳрамонии ҷаҳон миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола тасдиқ намуд. Пештар Перу мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон интихоб шуда буд. Вале вакилони FIFA 22-юми феврал дар ҷараёни ташрифи худ ба макони баргузории мусобиқот ва мулоқот бо Федератсиони футболи Перу масоили бисёри ҳалнашударо ошкор сохтанд. Комиссиюни вакилони FIFA тасмим гирифт... Читать дальше...
Мақомот дар вилояти Бодғиси Афғонистон мегӯянд, ки Туркманистон ба ҳудуди 100 тан аз сарбозони нерӯҳои марзбонии Афғонистон иҷозат додааст, ки вориди ин кишвар шаванд.