Добавить новость


World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Июнь
2018

Новости за 21.06.2018

Ozodi.org 

OCCRP: Тиҷорати қаннодии Қазоқистонро духтари президент "назорат" мекунад

OCCRP қисмати дувуми "Бойгонии Панама"-ро нашр кард. Дар қисмати дувум дар баробари далелҳои нави ширкатҳои зиёди офшорӣ дар бораи тиҷорати Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон ҳам иттилоъ мавҷуд аст. OCCRP - Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта - ҳуҷҷатҳои наверо дар бораи ширкати ҳуқуқии Mossac Fonseca нашр кард. Хабарнигорони OCCRP мегӯянд, ширкати мазкур дар ибтидо натавониста буд, қариб 75 дарсади моликони аслии ширкатҳои офшориро шиносоӣ ва мушаххас кунад. Ҳуҷҷатҳои нав далолат мекунанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Нозир"-и Тошкандро ду сол зиндонӣ карданд. ВИДЕО

Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон баррасии парвандаи ҷиноятии Аббос Хоҷаев - як соҳибнуфузи ҷиноиро, ки "нозир"-и Тошканд номида мешавад - ба охир расонд. Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 21 июн хабар дод, ки додгоҳ баъди баррасии нӯҳмоҳа ниҳоят қарори худро содир кард.  "Додгоҳ Хоҷаевро дар "Тамаъҷӯӣ" айбдор ва ду сол зиндонӣ кард", - хабар дод як масъули расмии Додгоҳи олии Узбекистон. Расонаҳо ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар бораи боздошти Аббос Хоҷаеви 33-сола хабар дода буданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Туркманистон гӯгирд 14 баробар гарон шудааст

Дар Туркманистон буҳрони маводи ғизоӣ идома дошта, нархи маҳсулот то рафт боло меравад. Аз аввали соли сол то ба ҳол, баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия чанд баробар гарон шудаанд. Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир, дар фурӯшгоҳҳои давлатии вилояти Дашоғузи Туркманистон шакару ордро тақрибан наметавон пайдо кард. Нархи бозорҳо низ аз нархи муқарраркардаи давлат чанд баробар бештар аст. 19 июн дар фурӯшгоҳҳои Дашоғуз нархи миёнаи як кило шакар 18-20 манат (ҳудуди 5-6 доллар бо қурби расмӣ)... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Эҳтимол Назарбоев дар интихоботи навбатӣ иштирок накунад"

Қосим-Жомарт Токаев, раиси сенати Қазоқистон гуфт, шак дорад, ки президенти кунунӣ Нурсултон Назарбоев дар интихоботи навбатии президентӣ дар соли 2020 ширкат кунад. Нурсултон Назарбоеви 77-сола аз соли 1989 то кунун Қазоқистонро идора мекунад. "Ман фикр намекунам, ки президент Назарбоев дар интихоботи соли 2020 ширкат кунад... Зеро вай одами хирадманд аст ва фикр мекунам, ки соли 2020 дар интихоботи президентӣ номзадҳои дигар, ғайр аз Назарбоев ширкат хоҳанд кард", - гуфт Токаев дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми июн дар ҳошияи Конфаронси байналмилалии "Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028", бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, мулоқот кард.  Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон доир шуд ва ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории дуҷониба гуфтугӯ намуданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки... Читать дальше...

Ozodi.org 

Барои Шумо дар Душанбе чӣ писанд нест? ВИДЕО

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барояшон дар пойтахти Тоҷикистон чӣ чиз писанд нест. Чанд аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, иддае дигар аз хадамоти коммуналӣ ва бекорӣ шикоят карданд.

Ozodi.org 

Барои Шумо дар Душанбе чӣ маъқул нест? ВИДЕО

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барояшон дар пойтахти Тоҷикистон чӣ чиз маъқул нест. Чанд аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, иддае дигар аз хадамоти коммуналӣ ва бекорӣ шикоят карданд.

Ozodi.org 

Дар Душанбе ба шумо чӣ писанд нест?

Бархе сокинони шаҳри Душанбе дар бораи матолиби мавриди назари худ, писандидаҳо ва баръакс, чизҳои нофорам изҳори назар карданд. Баъзеи онҳо хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, баъзеи дигар аз хадамоти коммуналӣ ва бекорӣ шикоят карданд.

Ozodi.org 

Академик Раҳим Масов ба бахши эҳёгарӣ интиқол ёфт

Академик Раҳим Масов, аз донишмандони маъруфи илми таърих дар Тоҷикистон, бар асари сактаи мағзӣ, дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Наздикони Раҳим Масов рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин донишманд субҳи имрӯз ба бемористон интиқол ёфт ва зери муроқибати табибон қарор доранд. Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсилоти ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии... Читать дальше...




Ozodi.org 

Мақоми аввали муҳоҷирони Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия

Узбекистон миёни кишварҳои ИДМ дар ҷадвали интиқоли маблағ аз Русия ҷои аввалро гирифт. Дар ин бора Бонки марказии Узбекистон хабар медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеӣ аз Русия ба Узбекистон 726 миллион доллар интиқол додаанд. Бино бар иттилои мавҷуд, аз Русия ба Тоҷикистон 487 млн доллар, ба Қирғизистон 434 млн, ба Арманистон 209 млн, ба Озарбойҷон 191 млн, ба Украина 158 млн, ба Қазоқистон 143 млн, ба Молдова 109 млн ва ба Белорус 73 млн интиқол дода шудааст. Ба Туркманистон бошад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Туркманистон бисёрникоҳӣ расман манъ шуд

Бисёрникоҳиро дар Туркманистон расман манъ карданд. Ин меъёр ба Кодекси оила ворид ва аз сӯи президенти Туркманистон имзо шуд. Ҳамакнун бар асоси моддаи 7 кодекси мазкур "бисёрникоҳӣ дар Туркманистон манъ аст". "Зери мафҳуми бисёрникоҳӣ ҳамзистӣ бо ду ё зиёда зан дар як вақт бо пешбурди зиндагии муштарак" фаҳмида мешавад. Ин қонун 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд. Дар қонунгузории Туркманистон то ин замон мафҳуми манъи дузанагӣ ҷой дошт.

Ozodi.org 

Дастури нави Трамп -- фарзанди муҳоҷирон аз волидонашон ҷудо карда намешаванд

Раиси ҷумҳури Амрико пас аз он, ки бинобар сиёсати ҷанҷолиаш дар бораи ҷудо кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз фарзандонашон, ба интиқодҳо дар дохил ва дар хориҷ рӯбарӯ шуд, дар он таҷдиди назар кард.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus