Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Номаи як созмони ҳомии ҳуқуқ дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат

Созмони "Freedom Now and Hogan Lovells" мақараш дар Вашингтон мегӯяд, дар ҳодисаи маҳбаси Ваҳдат, шуморе аз маҳбусони сиёсӣ низ кушта шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти тоҷик вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро радд мекунанд.


Дар изҳороти ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ башар, ки рӯзи 20-уми май ба нашр расид, гуфта мешавад, ки дар ин маҳбас шуморе аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ ва мухолифи сиёсӣ Зайд Саидов нигаҳдорӣ мешуданд ва дар миёни кушташудаҳо Саттор Каримов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Ҷонмаҳмад Боев ҳастанд. Бар пояи  изҳороти "Freedom Now and Hogan Lovells", дар ин ҳодиса ҷони Зайд Саидов низ қасд шуда, аммо ӯ аз сӯи зиндониён ҳимоят дид.


Созмони "Freedom Now and Hogan Lovells" ба унвони як ниҳоди машваратии байналмилалӣ хостори таҳқиқи комил, шаффоф ва мустақилона дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдат шудааст.


Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат, ки шаби 19-уми май рух дод, 29 зиндонӣ ва се зиндонбон кушта шуданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки омилони ин беназмӣ афроди вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд. Маълумоти дигар дар мавриди ин ҳодиса аз манобеи мустақил дастрас нест.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus