Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳамлавар ба 2 масҷиди Зеландияи Нав расман ба анҷоми амалиёти террористӣ муттаҳам шуд

Пулиси Зеландияи Нав ҳамлавари австролиёӣ ба ду масҷиди шаҳри Крайстчёрчро, ки ҷони 51 нафарро гирифт, дар баробари дигар иттиҳомот, ба анҷоми амалиёти террористӣ, муттаҳам кардааст. Дар баёнияи омадааст, ки ин иттиҳом ба пояи қонуни мубориза бо терроризм, ба Брентон Таррант ворид шудааст.


Таррант, ки як нажодпарасти сафедпӯст аст, айни ҳол бо 51 мавриди иттиҳоми қатл в 40 мавриди иттиҳоми талош ба қатл, рӯбарӯ аст. Ҷаласаи баъдии додгоҳ барои расидагӣ ба ҳамлаҳои Крайстчёрч, моҳи оянда баргузор мешавад.Тарранти 28-сола дар 15-уми марти соли равон ин ҳамлаи хунинро анҷом дод. 


Эълони иттиҳомоти нав алайҳи ҳамлавар ба ду масҷид дар Зеландияи Нав баъд аз он сурат мегирад, ки як марди туркӣ, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардошта буд, ахиран дар яке аз бемористонҳои Крайстчёрч ҷон бохт.


Пулис дар бораи тафсилоти нав дар парвандаи ҳамлавар ба ду масҷид, дар мулоқот бо хонаводаҳои қурбониён ва онҳое, ки аз он ҷони солим ба дар бурданд, хабар додааст.


Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳамла вокуниши густурда нишон дод. Як ҳафта пас аз ин ҳамла нахуствазири Зеландияи Нав ба намояндагӣ аз ҳукумат истифода аз навъҳои гуногуни аслиҳаи нимаавтоматиро мамнуъ эълон кард.


Як моҳ пас аз ин ҳамлаҳо, порлумони Австралия низ барои нахустин бор дар ҷаҳон, қонунеро қабул кард, ки бар пояи он шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд, муҳтавои хушунатомезро "бидуни таъхир" ҳазф кунанд.


Брентон Таррант -- фарди ҳамлавар, ки нажодпарасти астралиягӣ мебошад, рӯзи ҷумъаи 15-уми март ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчёрчи Зеландияи Нав ҳамла кард, ки бар асари он 50 нафар ҷони худро аз даст доданд. Қурбониёни ин ҳамла кӯдакон, пиронсолон, занон ва мардон буданд.


Ин фарди 28-сола пеш аз оғози ҳамла ба масҷиди "Нур" як "манифест" дар ҳаҷми 74 сафҳа мунташир кард ва куштори марду дар масҷидро низ ба таври зинда аз "Фейсбук" ва бо истифода аз дурбине, ки ба сари худ васл карда буд, пахш намуд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus