Дастаи занони футболбозони Тоҷикистон дар нахустин бозӣ дар мусобиқоти байналмилалии дар Лаос бо ҳисоби бузурги 6 бар сифр шикаст хӯрданд.
Бозии футболбозони то 19-сола рӯзи 27-уми апрел дар варзишгоҳи миллии Бангабандҳу дар пойтахти Бангладеш сурат гирифт. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар Мусобиқоти Байналмилалии Ҷоми Тиллоӣ, ки аввалин бор аст, бо ташаббуси Бангладеш сурат мегирад, дар гуруҳи А бозӣ мекунад.
Иқболи духтарони футболбози тоҷик рӯзи 23-уми апрел ҳам баландӣ накард, ки ба дастаи Муғулистон бо ҳисоби 3 бар сифр бохтанд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар умум 6 даста, Бангладеш, Қирғизистон, Лаос, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Муғулистон ширкат меварзанд.