Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба вазоратҳои энержӣ ва тиҷорат амр додааст, дар муддати як ҳафта маълум кунанд, сабаби олудагӣ дар лӯлаи нафти Дружба чӣ буд. Олудагӣ дар лӯлаи мероси замони шӯравӣ бо номи “Дружба” сабаби боздошти интиқоли нафт ба Аврупо шуд.
Ҳукумати Русия рӯзи 27-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, натиҷаҳои тафтиш бояд ба додситони кулли Русия фиристода шавад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 27-уми апрел дар Пекин гуфт, пеш аз ҳама тафтишро бояд ширкати давлатии “Транснефт” муттасадии истифодаи лӯлаҳои нафт анҷом бидиҳад.
Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар бораи қатъ олуда шудан ва қатъи интиқоли нафт ба Аврупо суҳбат кардааст. Омехта шудани таркиби номаълум сабаби олуда шудани нафт дар лӯла шудааст.