Рӯзҳои 13-15-уми апрел дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария Форум ё ҳамоиши байналмилалии варзишгарон баргузор мешавад. Ҳамоишро Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) доир мекунад. Дар ин бора сомонаи olympic.org хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, дар ин ҳамоиш ширкати 350 вакил аз 206 Кумитаи миллии олимпӣ дар назар аст. Ҳамчунин дар рӯйхати даъватшудагон намояндагони комиссиюнҳои варзишгарони ҳамаи федератсионҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои тобистона ва зимистонаи варзиш, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC), созмонҳои қитъавии Кумитаҳои миллии олимпӣ, Кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои олимпӣ, Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ, Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ва Созмони ҷаҳонии олимпичиён ҳастанд.
Раиси Комиссиюни варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри мегӯяд, “Форуми 9-уми байналмилалии варзишгарон имкони хуб медиҳад, ки садои ҷамоаи ҷаҳонии комиссиюнҳои варзишгарон боз ҳам баланд шавад. Вале аз ҳама асосиаш ин аст, ки ҳамоиш ба мо имкон медиҳад ҳамдигарро гӯш кунем, масоили муҳимро муҳокима ва таҷрибаи худро таҳлил намоем».
Президенти МОК Томас Бах гуфтааст, ки Комиссиюни варзишгарон шуруъ аз Конгресси олимпии соли 1981 дар Баден-Баден роҳи тӯлониро тай кардааст. “Ҳамакнун ин садои қонунии варзишгарони интихобшуда аз тамоми ҷаҳон мебошад. Дар доираи рӯзномаи олимпии соли 2020 КБО дар бобати дастгирии варзишгарон тавассути модели ҳамраъйии мо чораҳои муҳим андешидааст. Ҳамоиши байналмилалии варзишгарон имконияти хубест барои шунидани садои варзишгарон дар ҳамаи зинаҳои мақомоти варзишӣ”, - изҳор доштааст Томас Бах.
Дар Форуми 9-уми байналмилалии варзишгарон Тоҷикистонро Шаҳриёр Даминов, қаиқрони маъруфи тоҷик, намояндагӣ мекунад. Вай субҳи имрӯз, 12-уми апрел, барои ширкат дар ин ҳамоиш ба шаҳри Лозаннаи Швейтсария сафар намуд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсиони қаиқронии Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, “Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо медали нуқра сарфароз гаштааст. Имсол бошад, дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон дар се масофа се медал гирифт. Аз он ҷумла, Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр соҳиби медали тилло гардид.”
Ба гуфтаи Нодир Сафаров ин қаиқрони моҳири тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мубориза мебарад. Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи литсензионӣ ё интихобӣ оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки ахири моҳи май дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.