Зафари Сӯфӣ, шоиру хабарнигор ва муассиси нашрия ва хабаргузории "Озодагон", аз узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон берун карда шудааст. Ӯ аз соли 2004 узви ин созмон буд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук навишт, қарор дар ҷаласаи рӯзи 29-уми март содир шуд. Ӯ далели чунин тасмимро "бинобар иштирок накардани Зафари Сӯфӣ дар ҳаёти Иттифоқи нависандагон ва мувофиқат накардани мавқеи иҷтимоияш бо мавқеи иҷтимоии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон" шарҳ додааст.
Зафари Сӯфӣ то ҳол ба ин хабар вокуниш накардааст. Аммо ӯ солҳои охир дар шеъру нигоштаҳояш аз вазъи бади озодии баёну андеша, беамалии баъзе мансабдорон ва ҳамчунин шароити ногувори зисти сокинон дар кишвар танқид кардааст.
Ӯ солҳои охир дар шаҳри Бишкеку Русия мезист ва чанд моҳ қабл ба Аврупо кӯчидааст. Фаъолияти хабаргузории Озодагон соли 2017 ва фаъолияти нашрияи "Озодагон" охири соли гузашта қатъ шуд. Қаблан Зафари Сӯфӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тасмим қатъи фаъолият зери фишори мақомот гирифта шудааст.
Зафари Сӯфӣ муаллифи китобҳои ашъори «Наҷво» (1991), «Пажвоки дардҳои гунг» (2000) «Пушти пардаи пиндор» (2003) ва «Садои сукут» (2006) аст, ки дар Душанбе, Теҳрон ва Машҳад нашр шудаанд.
Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба намоиш гузошта мешаванд.
Чанд шеъри шоири латиш Имант Зиёдонис ва шоирони узбек Рауф Парфӣ ва Муҳаммад Солеҳро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ, узбекӣ, қирғизӣ, литвонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ баргардон ва чоп шудааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ мебошад.