Мы в Telegram
Добавить новость

В Лужниках состоялась церемония открытия Всероссийской Спартакиады Специальной Олимпиады

Газопровод высокого давления проведут в НАО

Министр территориальной политики Подмосковья приняла участие в мероприятии в Дубне

По делу о хищениях задержали скрывавшегося 12 лет экс-чиновника Минсельхоза РФ

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Таксӣ -- масдари хабарҳои "воқеӣ"?

Таксӣ  -- масдари хабарҳои

Афроди огоҳ аз хабарҳои охири кишвар ва шоҳиди аксар ҳодисаҳои доғ - на журналистон, балки ронандаҳои таксӣ ҳастанд, ки ба хотири вижагиҳои корашон ҳамарӯза гапу хабарҳои охирро бевосита дар "утоқи кории худ" мешунаванд.

Муштариҳои ронандаҳои таксӣ афроди мухталиф ҳастанд - аз мақомдор то тоҷир, аз омӯзгор то донишҷӯ. Ронандаҳои таксӣ бисёр вақт шоҳиди беминнати сӯҳбатҳои маҳрамонаи муштариҳояш ҳастанд, вале гоҳҳо худ ҳам як бахше аз муколамаву баҳсҳо дар масоили доғ, аз ҷумла, хабарҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар мешаванд.

Таксӣ - ҷои беибо барои баррасии тамоми масоил

Парвиз Алмуродов таҷрибаи 9-солаи мусофиркашонӣ дар кӯчаҳои Душанберо дорад ва хуб медонад, ки бисёр мусофирон беибо ва сензура тамоми масоили барои онҳо муҳимро дар дохили мошин баррасӣ мекунанд.

Як таксирони тоҷик гуфт, борҳо шудааст, ки намояндагони сохторҳои интизомӣ аз ӯ хостанд дар сурати дарёфти иттилои муҳим ё асрори ҷинояте, барояш хабар диҳанд.

Алмуродов рӯзи 25-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои тозаро аз мушкилоти бонкҳову болоравии нархи хизматрасониҳои гуногун аввал шуда аз забони муштариёнашон садо медиҳад. Ӯ гуфт, чанд рӯз қабл ду мусофири таксии ӯ бо ҳам сӯҳбат мекарданд ва аз онҳо шунид, ки мошинҳои соли бароришашон то соли 2016-ро оҳиста-оҳиста аз роҳҳо  мегиранд.

"Ҳамин хел шунидем, ки ҳамин гуна мошинҳоро аз байн мебардоранд, лекин намедонам то куҷо ҳақиқат дорад. Чанд ҳафта пеш мусофирон бисёртар дар бораи он гап мезаданд, ки нархи интернет боло меравад, дар бораи нооромӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат мекарданд",-афзуд ӯ.

Парвиз Алмуродов роҳи филтр ё пок кардани хабари воқеӣ аз овозаро ҳам аллакай таҷриба кардааст. Мегӯяд, ҳолатҳои зиёдеро шоҳид шудааст, ки баъди шунидани баррасии мавзӯе аз ҷониби муштариҳояш, баъди як-ду рӯз тасдиқи дурустии ин хабар дар интернет ва расонаҳои мустақил нашр мешавад. Ҳолатҳое ҳам кам нест, ки хабарҳо тасдиқи худро намеёбанд.

Ҳолатҳои ғайримаъмул барои таксиронҳо

Дар давоми солҳои кораш Парвиз Алмуродов бо ҳолатҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Гоҳе мусофирон ба ронандаи ношинос дарди дил ва мушкилоти зиндагиашонро нақл мекунанд, шояд ба он сабаб, ки ҳамнафаси дигаре надоранд. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки нохудогоҳ ба сипари бархе бонувон табдил мешаванд.

"Масалан, шаб тахминан соат 2 буд, як духтар омада худашро ба дохили таксии ман партофа, хост аз марде, ки думболаш буд, аз ӯ ҳимояташ кунам. Ӯ аз он мард метарсид ва аз ман хоҳиш кард, ки дари мошинамро накушоям, ман ин корро кардам ва нагузоштам, ки мард ба ӯ зарар расонад. Сабабашро нагуфт ва ман ҳам напурсидам. Ин хел ҳолатҳо зиёд шудааст. Ҳамин чанд рӯз пеш дар мошинам марде савор шуд ва нақл кард, ки аз бонк қарз гирифтаасту баргардонида наметавонад ва ҳайрон аст, чӣ кор кунад",-қисса кард ӯ.

Масдари хабарҳои "воқеӣ"

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, дар "утоқи кории онҳо" маъмулан на хабарҳои расмӣ, балки "воқеӣ" ва ё алтернативӣ садо медиҳанд. Хабарҳое, ки зоҳиран сокинони оддии кишварро дар ташвиш мегузоранд. Масалан, Баҳодур, як ронандаи дигари таксӣ гуфт, субҳи ҳамин рӯз шунидааст, ки гӯё омӯзгоре бо гумони муносибати шаҳвонӣ бо як хонандаи синфи 10 аз кор озод ва аз ҷониби полис боздошт шудааст. Ӯ намедонад, ки ин ҳодиса то куҷо ҳақиқат дорад, вале шунидааст, ки хабар воқеан ҳам ҷой дорад.

Назир Баҳруллоев, ки таҷрибаи сесолаи таксиронӣ дорад, гуфт, ду рӯз қабл аз забони зане шунид, ки дар ҷамоати Турсунзодаи Рӯдакӣ коргоҳе фаъолият мекунад, ки мурғҳои касалу лоғарро аз корхонаҳои мурғпарварӣ бо нархи арзон харидорӣ намуда, дар коргоҳи худаш, ки вазъи экологияш хеле бад аст, пухта ба фурӯш мегузоштааст. "Гуфт, ҳамон соҳибкор дар ҳамсоягии бародараш зиндагӣ мекунад, бародараш ҳолати бади коргоҳи ӯро медонистааст",-афзуд вай. 

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, аксар вақт муштариҳои омодаи сӯҳбат аз мушкил ва проблема, набуди пул ва кор, камии даромад ва бемориҳо сӯҳбат мекунанд, яъне он чи ки онҳоро азият мекунад. Баҳриддин Рустамов, як ронандаи пуртаҷрибаи таксӣ гуфт, борҳо муштариён дар мошин аз болоравии нархи маҳсулоте ба мисли орду гушт, шикоят мекунанд ва баъди чан рӯз аз тариқи радио дар бораи афзошиши нархҳо мешунаванд.

"Мо кори худро мекунем, махсус диққат намедиҳем, ки муштарӣ чӣ мегӯяд, лекин вақте онҳо бо ҳам гап мезананд ё аз тариқи телефон сӯҳбат мекунанд, беихтиёр мо мешунавем ва гапҳои ҷолибашон ёдамон мемонад",-афзуд Баҳриддин.

Бархе таксиронҳои ботаҷриба мегӯянд, хуб медонанд, ки ҳамин вижагии кори таксиронҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои интизомӣ аст. Як таксирони тоҷик гуфт, ки борҳо шудааст намояндагони сохторҳои интизомӣ аз ӯ хостанд дар сурати дарёфти иттилои муҳим ё асрори ҷинояте барояш хабар диҳанд.

Таксиронӣ -- кори то андозае хатарнок?

Таксиронҳои ботаҷриба мегӯянд, кори онҳо то ҷое ба гурӯҳи корҳои хатарнок ҳам шомил мешавад. Дар гузашта матбуот дар бораи ҳодисаҳои ҳамла ба ронандаҳои таксӣ ваё тасодуфан ҳадафи тири афроди ҷиноятпеша қарор гирифтани онҳо хабар додааст.

Аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо - қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев буд. Ҷасади Раҳимҷон Тешабоевро, ки дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе ба ҳайси "таксист" кор мекард, шаби 19-уми августи соли 2014 аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Дар қатли ин таксисти тоҷик ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон -- Илдар Сахапов ва Федор Басимов муттаҳам шуданд.

Вале аксар ронандаҳои таксии ҳамсӯҳбати мо мегӯянд, воқеияти зиндагии имрӯза дар Тоҷикистон ҳамин аст, ки бо вуҷуди чунин шароити кор, шумори ронандаҳо то рафт афзоиш меёбад, чунки дар шароити бекорӣ ва камбуди даромад, бисёр мардон ва гоҳҳо занони соҳиби мошин аз роҳи таксиронӣ даромад ба даст меоранд. Таксиронӣ яке аз корҳои маъмул шудааст.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

"Молчали больше 20 лет": экономист Михаил Хазин рассказал, какую правду скоро озвучит Путин

Газопровод высокого давления проведут в НАО

В Лужниках состоялась церемония открытия Всероссийской Спартакиады Специальной Олимпиады

Сергей Лёвкин: с начала реализации программы реновации в СВАО 75 домов приступили к расселению

Музыкальные новости

Российские компании придерживаются собственного подхода в ESG

В Пензе стартовали соревнования по по мотокроссу на Кубок главы города

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!

Филипп Киркоров, Люся Чеботина, SHAMAN – 25 ярких звезд в Открытой студии «Авторадио» на «Премии МУЗ-ТВ 2024»

Новости России

"Авито Недвижимость": 40% россиян привлекают риелтора при сделках с жильем

Сергей Лёвкин: с начала реализации программы реновации в СВАО 75 домов приступили к расселению

В Подмосковье росгвардейцы обеспечили правопорядок во время празднования мусульманского праздника Курбан-байрам

Следователи начали допрос работников СИЗО в Ростове после захвата заложников

Экология в России и мире

Концертный директор для музыкантов. Концертный директор для певцов. Концертное агентство в Москве. Букинг агентство. Организация концертов и гастролей.

Modest fashion day 2024

Прямые рейсы в Таиланд неожиданно снимают: стали известны подробности и альтернативы

Попурри мелодий и дух патриотизма: военный оркестр в парке «Кузьминки» отметил День России

Спорт в России и мире

Медведев и Сафиуллин сыграют в паре на турнире в Галле

Экс-теннисист Ольховский: россияне могут хорошо выступить на Уимблдоне

Курникова показала трогательные фото Энрике Иглесиаса

Лучший теннисист Казахстана узнал позицию в обновленном рейтинге ATP

Moscow.media

Этот российский регион снова стал лидером по количеству случаев по ОСАГО

Тренер назвала признаки синдрома перетренированности

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Франт Куршского залива.











Топ новостей на этот час

Rss.plus






«Ничего живого на Земле не останется»: что будет, если НАТО ударит ядерным оружием

Сергей Лёвкин: с начала реализации программы реновации в СВАО 75 домов приступили к расселению

Следователи начали допрос работников СИЗО в Ростове после захвата заложников

«Я хочу, чтобы наш проект был больше, чем просто поющая артистка»