Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Масъулияти ҳамла ба шиамазҳабҳои Кобулро ДИИШ бар дӯш гирифт

Рӯзи панҷшанбе дар пайи чанд инфиҷор дар Кобул, пойтахти Афғонистон шаш нафар кушта ва 23 нафар захмӣ шуд. Дар ин бора сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон хабар дод. Дар бораи таркишҳо дар назди зиёратгоҳ ва қабристони Корти Сахӣ, дар маҳалла шианишини ғарби Кобул хабарҳои зиддунақиз мерасанд.


Сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Насрат Раҳимӣ гуфт, ба сӯи мардум, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҷамъ шуданд, аз хумпорандоз оташ кушода шуд. 


Вазорати дифоъи Афғонистон дар твиттер навишт, ки ба хонаи мардуми мулкӣ ва ҷамъомадагони Наврӯз се гулӯла партоб шуд. Ба гуфтаи вазорат, пулис ҳамлагарро боздошт ва амнияти минтақаро таъмин кард. Биноба тасвирҳое, ки телевизиони маҳаллӣ ба таври мустақим пахш кард, нерӯҳои амниятӣ тамоми ҷодаҳоро ба сӯи зиёратгоҳ масдуд карданд.


Аз рӯи суннат одамон дар зиёратгоҳ парчами сабз мебардоранд ва ба хотири гирмидошти ёди рафтагон дар канори гуристон ғизо мегузоранд.


Масъулияти ин ҳамларо  гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ва дар Telegram гуфт, ки "сарбозони хилофат" се дастгоҳи таракнадаро дар байни ҷамъмадагони шиъа, наздик ба зиёратгоҳ, ба кор андохтанд. Ин гурӯҳи террористӣ иддао кардааст, ки дар ҳамла 50 нафар кушта ва захмӣ шуданд.  


Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки мусалмонони шиаҳоро бидъатгузорон арзёбӣ мекунанд, дар гузашта борҳо онҳоро ҳадаф қарор додааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus