Нахуствазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн гуфт, ки ҳафтаҳои назидик мақомот тарҳи қонун дар бораи шадид шудани қоидаҳои нигаҳдории силоҳро таҳия мекунанд. Ин тарҳ посухест ба ҳамла ба ду масҷиди шаҳри Краистчёрч, воқеъ дар ҷанубу шарқи ин кишвар, ки ба ҳалокати 50 нафар ва даҳҳо захмӣ мунҷар шуд.
Нахуствазир чораҳои мушаххасро номбар накард. Қаблан гуфта шуд, ки мақомоти Зеландияи Нав барнома доранд, дар навбати аввал фурӯши силоҳи нимаавтоматиро маҳдуд кунанд.
Феълан қонунгузории ин кишвар дар робита ба силоҳ яке аз қонунҳои либералӣ дар кишварҳои пешрафта ба шумор меояд. Дар ин давлати аҳолияш ҳудуди панҷ миллион дастикам якним миллион силоҳ сабт шудааст. Сатҳи ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳ содир мешаванд дар Зелендияи Нав назарногир аст ва мухолифони маҳдуд кардани силоҳ инро ҳамчун далел истифода мекунанд.
Гуфта мешавад, Брентон Таррант- марди австралиягӣ, ки ба масҷидҳо ҳамла кард, силоҳояш, бо шумуили камони нимаавтоматиро дар асоси қонун ва бо иҷозаи пулис ба даст овард.
Ба гуфтаи пулиси Зеландияи Нав, Таррант, ки худро "миллатгарои сафедпӯст" меномад ва ангезаи ҳамлаашро бадбинӣ нисбати мусалмонҳову муҳоҷирон гуфтааст, танҳо амал мекард. Маълумоти ибтидоӣ, ки ӯ метавонист шарике дошта бошад, тасдиқ нашуд. Аммо додгоҳи Крайстчёрч рӯзи душанбеи 18 март як ҷавонро барои нашри наворҳои ҳамла ба масҷидҳо дар шабакаҳои иҷитмоӣ боздошт кард. Пахши мустақими ҳамла ба масҷидҳо дар Фейсбукро худи Таррант ба роҳ монд. Фейсбук дар рӯзҳои охир беш аз якуним миллион навори тирандозӣ дар Крайстчёрчро масдуд кард.