Рӯзи панҷшанбе Палатаи намояндагони Конгресси Амрико қатъномаеро қабул кард, ки навъҳои таассуб ва табъиз дар заминаи нажодӣ ва мазҳабиро маҳкум мекунад.
Суханони узви Ҳизби Демократ, зани мусалмон ва паноҳандаи пешин аз Сомалӣ Илҳан Умар ба қабули ин қатънома замина гузошт. Умар дар палатаи поёнии Конгресс аз Миннесота намояндагӣ мекунад.
Ӯ чанд дафъа гуфт, "пуштибонии Конгресс аз Исроил, ки аз тарафи лоббистҳои яҳудӣ таъмин мешавад ва созмонҳои яҳудӣ дар Амрико, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунанд, садоқат ба як кишвари хориҷиро болотар аз манофеи ИМА мегузорад". Ин гуфтаҳои Илҳан Умар зиддияҳудият ё антисемитизм талаққӣ шуд.
Раҳбарияти ҷиноҳи Ҳизби Демократ дар палатаи поёнии Конгресс ва шахсан худи Умар қатъномаи маҳкумкунандаи зиддияҳудиятро пешниҳод намуд.
Ҷиноҳи чапи ҳизб аз танқиди Илҳан Умар худдорӣ кард. Баъзеи онҳо зиддияҳудӣ будани ӯро рад карданд, бархе ҳам мегуфтанд, на танҳо дар бораи антисемитизм, балки навъҳои дигари бадбинии нажоду миллат бояд сӯҳбат кард. Умар дар баробари дигарон ба қатънома овоз дод. Мухолифони қатънома ҳамагӣ ҷумҳурихоҳ буданд.
Сенатор Берни Сандерс ва Элизабет Уоррен, ки номзадии худро ба сабқати президентии соли 2020 пешниҳод кардаанд, бо онҳое, ки мухолифи ном ба ном маҳкум кардани Илҳан Умар буданд, ҳамовозӣ нишон доданд.
Президент Доналд Трамп аз намояндаи тозаинтихоби Конгресс Илҳан Умар даъват кард, ки истеъфо диҳад, дар акси ҳол, гуфт ӯ, бояд аз ҷояш дар Кумитаи байналмилалии палатаи намояндагон маҳрум шавад.