Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Кӯктош" шуд

Раҳматулло Фузайлов, собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболиТоҷикистон, сармураббии дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.


Раҳматулло Фузайлов дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз кардааст. Зимнан, “Кӯктош” таҳти раҳбарии сармураббӣ Турдиназаров соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Алиҷон Турдиназаров аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон “Беҳтарин мураббии сол” сарфароз гардида буд.  



Раҳматулло Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, ду гол задааст.


Раҳматулло Фузайлови 40-сола 19-уми феврал расман ба вазифаи нави худ дар бошгоҳи «Кӯктош» шуруъ кард. Даста рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарии ӯ дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки сармураббиаш бародари бузурги Раҳматулло - Ҳаким Фузайлов аст, рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:2 хотима ёфт.


Раҳматулло Фузайлов 16-уми августи соли 1978 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ, ки аз оилаи маъруфи футболбозон Фузайловҳо мебошад, солҳои мухталиф ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои “Ситора” (Душанбе), СКА “Помир” (Душанбе), “Динамо” (Душанбе), “Энергетик” (Душанбе), инчунин бошгоҳҳои Узбекистон - «Нефтчӣ» (Фарғона), «Бухоро» (Бухоро) ва «Самарқанд» (Самарқанд) - бозӣ кардааст.




Вай аз соли 2000-ум дар бошгоҳҳои русиягии «Шинник» (Ярославл), «Алания» (Владикавказ), «Лада» (Толятти), «Носта» (Новотроитск) ва «Звезда» (Иркутск) ҳунарнамоӣ намудааст.


Аз соли 2007 дар ҳайати бошгоҳҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзидааст.


Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, ду гол задааст. Карйераи бозигариашро соли 2014 ба анҷом расонидааст.


Раҳматулло Фузайлов дар ССКА «Помир»-и Душанбе ба ҳайси сармураббӣ, дар «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus