Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Кремл: музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд

Кремл мегӯяд, ки музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, изҳороти сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба раванди музокирот таъсир гузошт. Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо истинод ба телевизиони "Россия" иттилоъ дод.


Абэ ибтидои моҳи январ гуфт, ки Ҷопон Курилро мехоҳад ва розӣ аст, ки сокинони руси ҷазира баъди пайвастани он ба ҳудуди Ҷопон низ дар онҷо зиндагӣ кунанд.


Ҷопон эътироф намекунад, ки ҷазираҳои Итируп, Шикотан, Кунашир ва Хабомай ба Русия тааллуқ доранд.


Ин ҷазираҳоро СССР дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум ишғол карда буд. Русия ва Ҷопон ба далели баҳсбарангез будани мақоми онҳо то ҳол созишномаи сулҳ имзо накардаанд. Пас аз мулоқоти Абэ бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд, ки Ҷопон омодааст, ба эъломияи соли 1956 дар бораи ҷазираҳо баргардад.


Дар он эъломия СССР розӣ шуда буд, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ ҷазираҳои Хабомай ва Шикотанро ба Ҷопон баргардонад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, имзои созишномаи сулҳ маънои додани ҷазираҳо ба Ҷопонро надорад.


Гуфтугӯҳои эҳтимолӣ дар бораи мақоми ҷазираҳо боиси интиқоди шадиди Путин аз ҷониби ҷабҳаҳои гуногуни сиёсӣ шуд.


Дар Москва ва шаҳрҳои дигари Русия  рӯзи 20 январ сокинон зидди додани ҷазираҳо ба Ҷопон тазоҳурот карданд. Дар эътирозҳо фаъолони ҳаракатҳои чапгарову ростгаро иштирок доштанд. Иштирокдорон ҳукумати Русия ва Путинро танқид карданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus