Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Бино ба ҳамлаи дронҳо фурудгоҳи Лондон як шабонарӯз баста шуд

Дуюмин фурудгоҳи серодами Лондон - Гатвик бино ба ҳамлаи дронҳо ё дастгоҳҳҳои бесарнишин ба хатти парвоз, 33 соат баста буд. 150 ҳазор мусофир натавонистанд ба Лондон парвоз кунанд ё аз Гатвик ба маконҳои дигар раванд. Ҳудуди 140 парвоз лағв шуд. Пулис оператори дронҳоро, ки акнун дар ростои ҳукми зиндон қарор гирифтааст, ҷустуҷӯ мекунад.


Ду дрон рӯзи 19-уми декабр, соати 21:00-и вақти маҳаллӣ, дар фурудгоҳи Гатвик мушоҳида шуд. Раҳбарияти Гатвик парвозҳоро лағв кард. Ҳаракати ҳавопаймоҳо соати 3-и шаби 20-уми декабр аз сар гирифта шуд.


Аммо баъди 45 дақиқа дронҳо дубора дар хатти парвоз зоҳир шуданд. Мақомот маҷбур шуданд, парвозҳоро дубора лағв кунанд. Бори охир яке аз бесарнишинҳо субҳи рӯзи панҷшанбе зоҳир шуд. Он рӯз фурудгоҳ бояд ба 760 парвоз ва 110 ҳазор одам хидмат мерасонд. Ҳавопаймоҳо ба пойгоҳҳои дигар сафарбар шуданд.


Пулис аз сарнагун кардани бесарнишинҳо ба хотири ҳифзи мардум аз тирҳои тасодуфӣ худдорӣ кард. Мақомоти фурудгоҳ аз ин нигарон буданд, ки бархӯрди дронҳо бо ҳавопаймоҳҳо метавонист паёмади ғайри қобили пешгӯиро ба бор биёрад.


Дастикам 20 бахши пулис дар Британия оператори дронҳоро ҷустуҷӯ дорад. Мутахассисони артиш низ ба онҳо ёрӣ мекунанд. Сарпарасти пулис Ҷастин Бартеншоу ба шабакаи телевизионии Би-би-сӣ гуфт, ҳар вақт, ки пулис хаёл мекард ба боздошти оператор наздик шудааст, дронҳо ғайб мезаданд. Пулис ҳамлаи дронҳоро ба террооиизм рабт намедиҳад, аммо вазири нақлиёти Британия Крис Грелинг инро "шеваи нави ҳамла" унвон кард.


Гатвик дуюмин фурудгоҳи пуродами Лондон буда парвозҳои British Airways, American Airlines, Emirates, China Airlines, Easy Jet, Norwegian Air ва Virgin Atlantic-ро қабулу гусел мекунад. Рӯзи ҷумъа фурудгоҳ бояд ба 126 ҳазор мусофир хидмат расонад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus