Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Як масъули "Амонатбонк" ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як масъули баландпояи Бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои аз худ намудани маблағҳо барои 14 сол равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ӯ 10-уми декабр содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст.


Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Зоирзода Салоҳидин Бақоро барои аз худ кардани маблағҳои ин бонк гунаҳкор кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Зоирзода дар "Амонатбонк" аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда, бо роҳи сохтакории кортҳо аз суратҳисоботҳои умуми бонкӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст. 


"Ҳамчунин Зоирзода пас аз ин вазифа барканор шудан низ шаби 19-уми майи соли 2018 пинҳонӣ вориди бонк шуда, бо роҳи ғайриқонунӣ вориди низоми шабакаи компютерӣ гардида, бо дохил намудани иттилооти бардурӯғ маблағи умумии беш аз 340 ҳазор сомониро дуздида ва ният дошт боз 320 ҳазори дигарро аз худ кунад",-гуфтанд дар додгоҳ. 


Барои ин кирдорҳояш додгоҳ нисбати Салоҳидин Зоирзода бо моддаҳои 245 қисми 4, 244 қисми 4, 32 қисми 3, 340 қисми 2 ва 299 қисми 2 -и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буд. Бо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зоирзода 14 солро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳад кард. Ӯ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар низоми бонкӣ ба мӯҳлати 5 сол маҳрум шудааст. Зоҳирзода ба фоидаи "Амонатбонк" 900 ҳазор сомониро пардохт кардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus