Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Як вакили дифоъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад

Як вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонбар мешавад. Масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, таҳқиқи парванда оид ба “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург”, ки моҳи октябри имсол боз шуд, дар ҳоли анҷомёбист.


Дар хабари расмии ин ниҳод гуфта мешавад, Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои “Адл”-и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як сокини пойтахт гумонбар мешавад. Даъвогар дар шикояташ ҳуқуқшиносро барои гирифтани 8300 доллар муттаҳам кардааст.


Дар шикояти шаҳрванде, ки исмаш оварда намешавад, ҳуқуқшинос дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 2014 бо ваъдаи кумак дар ҳалли як баҳси манзил дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пул гирифта ва ба ваъда вафо накардааст.


“Илова ба ин, аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15-уми октябри соли 2018 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб  намуд”, - навиштааст вебсайти Оҷонсии зидди коррупсия.


Дар хабар омадааст, ки Исроилова ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари боқимонда боздошт шуд. Моддаи 247, қисми 4, ки бар асоси он парванда боз шудааст, дар сурати гунаҳкор эътироф шудани шахс пардохти ҷарима ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.


Маълум нест, ки мавқеи худи ҳуқуқшинос ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худи ӯ ин иттиҳомотро эътироф мекунад ё на. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus