Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳакерҳои Эрон ба почтаи мақомдони умури таҳримҳои ИМА ҳамла карданд

Ҳакерҳои эронӣ аз гурӯҳи Charming Kitten (Пишаки ҷаззоб) талош карданд, почтаҳои электронии мақомдорони Амрико дар умури назорат бар таҳримҳои зидди Эронро рахна кунанд. Дар ин бора Associated Press рӯзи 13-уми декабр хабар дод.


Хабаргузорӣ маълумоти Certfa - ширкати британиявиро таҳлил кард, ки ба масъалаи амнияти киберӣ машғул аст.


Ба ғайр аз мақомдорони давлатии Амрико, ҳамчунин, нафароне аз шумори мунаққидон ва тарафдорони созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон ва олимони араб дар умури ҳастаӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. 


Ба гуфтаи корманди муассисаи соҳибкории ИМА Фредерик Каган, ҷосусии киберӣ аз тарафи Эрон ба таҳримҳои маъмурияти президент Доналд Трамп бар зидди Теҳрон бастагӣ дорад. Ӯ бовар дорад, ки кӯшиши ҳамла аз ҷониби Эрон анҷом шудааст. 


Қаблан, дар соли 2010, хадамоти махсуси Эрон сохтори алоқаи Идораи истихбороти ИМА-ро шикаста буд. Ҳакерҳо бо истифода аз системаи ҷустуҷӯи Google ба сомонае ворид шуданд, ки кормандони истихбороти Амрико барои мукотиба бо ҷосусҳои худ истифода мекарданд.


Моҳи сентябр Амрико стратегияи нави амнияти кибериро эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ фаъолиятҳои сареъро пешбинӣ мекунад. Дар ин санад Эрон ва Русия таҳдиди киберӣ ба Амрико эълон шудаанд. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus