Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Додгоҳи олии Русия ҳукми Маҳмадиевро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи талоши пайвастан ба гуруҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, бетағйир гузошт.


Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи 21 ноябр хабар дод, ки баррасии шикояти вакилони дифои Умар Маҳмадиев дирӯз сурат гирифт ва додгоҳ гуфт, ҳукми содиркардаи Додгоҳи низомии ноҳияи Ленинград дуруст аст ва тағйир дода намешавад.


Ба гуфтаи муфаттишон, Умар Маҳмадиев, ки дар минтақаи Ленинград дар як корхонаи хиштсозӣ кор мекард, аз тариқи Интернет бо аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" иртибот дошта ва хостааст, ба Афғонистон биравад ва ба сафи аъзои ин гуруҳ дар онҷо бипайвандад.


Умар Маҳмадиевро рӯзи 8-уми декабри соли 2017 дар фурудгоҳи "Пулково"-и Маскав дастгир кардаанд. Ба қавли муфаттишон, ӯ мехост, аз Русия ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Афғонистон биравад. Ба гуфтаи додрасон, ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст.  Расонаҳои Русия моҳи декабри ҳамон сол навиштанд, ки Умар Маҳмадиев гӯиё қасд доштааст, дар шаҳри Санкт-Петербург амалҳои террористӣ анҷом бидиҳад.


Мавқеи худи Маҳмадиев ба ҳукми додгоҳ дастрас нест.


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus