Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Аун Сан Су Чи аз ҷоизаи "сафири виҷдон" маҳрум шуд

Созмони Афви Байналмилалӣ раҳбари мулкии Мянмар  Аун Сан Су Чиро аз волотарин ҷоизаи  ин созмон - "Сафири виҷдон" маҳрум кард. Дар ин бора Афви Байналмилалӣ рӯзи 12 ноябр дар саҳифааш хабар дод.


Раҳбари созмон Куми Найду гуфт, ки Аун Сан Су Чи "аз обрӯи сиёсӣ ва маънавияш барои хатми қатли оми мусалмонони Роҳинҷа истифода накард". Поккориҳои қавмиро Артиши Мянмар ба роҳ андохта буд. Ҳукумати мулкии Мянмар низомиёнро назорат намекунад. Аммо ба гуфтаи созмони Афви Байналмилалӣ, маъмурияти Аун Сан Су Чи нафаратро алайҳи Роҳинҷа эҷод кард, куштори онҳоро рад кард ва ба бозҷӯии байналмилалии ҳодиса монеъ шуд.


Аун Сан Су Чи ҷоизаи "Сафири виҷдон"-ро соли 2009 ба даст овард. Ӯ аз соли 1998 то соли 2010 барои фаъолиятҳои сиёсиаш дар Мянмар 15 сол таҳти ҳабси хонагӣ буд. Ӯ дигарандеши машҳур шуда, ҷоизаи Нобел ва мукофотҳои дигарро дарёфт кард.


Баъди озод шуданаш Аун Сан Су Чи дар мақомҳои мухталифи ҳукумати Мянмар кор кард ва то мақоми мушовири давлатӣ расид, ки наздик ба мансаби нахуствазир аст. Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон борҳо бефаъолиятии ӯро дар баробари кушори мусалмонҳои Роҳинҷа ва рондани ин қамв аз қаламрави кишварашон танқид карданд. 


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus