Хадамоти федеролии амнияти Русия - ФСБ гуфт, ки кормандонаш раҳбари русиягии Ҳизб ут-таҳрир ва масъулони бахшҳои минтақавии ин ташкилоти мамнуъро боздошт карданд. Дар ин бора ТАСС рӯзи 11 октябр хабар дод.
Ба гуфтаи ФСБ, боздоштшудаҳо ба тарҳрезии барномаи сарнагун кардани ҳукумати Русия ва таъсиси давлати исломӣ гумонбар мешаванд. Ин ниҳод мегӯяд, ки муттаҳамон барои гурӯҳҳои террористии Ховари миёна ҷангҷӯ пайдо мекарданд ва амалҳои террористӣ омода мекарданд.
Дар хабар гуфта нашудааст,ки бо ин гумон чанд нафарро боздошт карданд ва номи онҳо низ эълон нашудааст.
Мурофиаи аъзои Ҳизбу ут-Таҳрир дар якчанд шаҳри Русия ҷараён дорад. Бисёр гумонбарҳо таъқиби додгоҳии худро дорои ангезаи сиёсӣ ё мазҳабӣ медонанд.