Вазири дифои Амрико Ҷейм Мэттис изҳороти Эронро, ки гуфтааст ИМА дар ҳамлаи террористии ҷанубу ғарби ин кишвар даст дорад, "шигифтовар" уновн кард. Мэттис бо ёдвари аз тасаллияти маъмурияти Трамп ба Теҳрон аз мақмоти Эрон даъват кард, ки "пеш ҳарфе гуфтан аввал андеша кунанд".
Мэттис дар шарҳи таҳдиди Эрон, ки гуфтааст аз Вашингтон интиқом меситонад, гуфт, умедвор аст дар доираҳои Эрон ақли солим боло бигирад.
Рӯзи 22 сентябр чаҳор ҳамлагар ба сӯи паради низомӣ дар Аҳвози Эрон оташ кушод. Масъулияти ин ҳамларо, ки дар он 25 нафар кушта шуд, ҷумбиши зиддиҳукуматии "Аҳвоз" ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Мақомоти Эрон дар ин ҳамла Исроил ва ИМА-ро муттаҳам карданд ва гуфтанд, ки ба онҳо "посухи харобиовар" вхоҳанд дод.
Рӯзи сешанбе намояндаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон Трампро "моҷароҷӯи хашин" номид ва Амрикоро ба эълони ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон муттаҳам кард. Манзур аз эълони ҷанг таҳримҳои зидди Эрон аст, ки Трамп баъди берун шудан аз созиши ҳастаи бо Теҳрон, моҳи майи соли равон, дубора ба роҳ монд.